Бистумин сураи Қуръони Карим, “Тоҳо” ном дорад. Ин сура бо 135 оят дар ҷузъи шонздаҳум қарор гирифтааст. Сураи Тоҳо ҷузви сураҳои макӣ ва дар тартиби нузул, чиҳилу панҷумин сурае аст, ки бар Паёмбар (с) нозил шудааст.
Бахши қобили таваҷҷӯҳе аз сураи Тоҳо ба достони ҳазрати Мӯсо ва бародараш Ҳорун ихтисос дорад; Ҳамчунин ба мавзӯъи ҳазрати Одам ва рондашуданаш аз биҳишт низ пардохта шудааст.
Илова бар ин мавзӯъот, ба мабдоъ ва маод, натоиҷи эътиқод ба тавҳид, таъкид бар эътидол ва миёна равӣ дар ҳама чиз, ишора ба азамати Қуръон ва бахше аз сифоти ҷалол ва ҷамоли Парвардигор ишора мекунад.
Достони ҳазрати Мӯсо (а) дар сураҳои мухталифе зикр шуда ва ба абъоди мухталифе аз ин достон пардохтааст. Дар сураи Тоҳо низ ба достони ҳазрати Мӯсо (а) аз зовияи дигаре пардохта ва бештар навъ мудирият ва раҳбарии Мӯсоро метавон мушоҳида кард.
Нуктаи аввал дар мудирияти ҳазрати Мӯсо, кумак гирифтан аз Худованд аст. Ӯ замоне, ки Мӯсо масъулияти илоҳиро бар ӯҳда гирифт ва қарор шуд ба самти Фиръавн биравад, хитоб ба Худованд гуфт ربِّ اشْرَحْ لي صَدري و یَسِّرْ لی أمری: “Гуфт Парвардигоро! синаамро кушода гардон; Ва корамро барои ман осон соз!” (Тоҳо / 25 ва 26).
Нуктаи дувум, ёфтани нуқоти заъф ва нуқоти қуввати худ аст. Ба назар мерасад дар мавзӯъи мудирият ва раҳбарӣ, ибтидо бояд худро арзёбӣ ва ба думболи рафъи костиҳо буд. Аз ҳамин рӯ Мӯсо аз Худованд хост: وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِنْ لِسَانِي؛ يَفْقَهُوا قَوْلِي: “Ва аз забонам гиреҳ бигушои; [то] суханамро бифаҳманд” (Тоҳо / 27 ва 28).
Таъкид бар таблиғ ва кори асарбахш мавзӯъи дигаре аст, ки Мӯсо бар он таъкид дорад ва аз Худованд мехоҳад суханашро ба гунае бар забонаш ҷорӣ кунад, ки ҳамагон онро бифаҳманд.
Дар мудирият ва раҳбарии ҳазрати Мӯсо (а) кори тимӣ бисёр аҳамият дорад; Ба вижа инки бо ташкил як тим, нақсҳо ва костиҳо бартараф шавад ва як тими комилро барои масъулияте, ки доранд омода кунад. Мӯсо (а) бародараш Ҳорунро барои ташкили ин тим интихоб мекунад, чаро, ки аз шоистгиҳо ва тавоноиҳои ӯ огоҳ аст.
Калидвожаҳо: 114, сураҳои Қуръон, сура Тоҳо, Мӯсо ва Ҳорун, бародари ҳазрати Мӯсо, усул ва мудирият ва раҳбарӣ.