Ба гузориши манобеи хабарӣ, Алҷазоир дар солҳои ахир шоҳиди густариши чашмгири фаъолиятҳои қуръонӣ дар ин кишвар аз ҷумла афзоиши маҳофили қуръонӣ ва омӯзиши қориёни Қуръон будааст.
Вазорати авқоф ва умури динии Алҷазоир дар ин росто аз тарҳи таъсиси ниҳоди миллии тиловати Қуръон дар ин кишвар бо назорати ҷамъе аз қориёни аршад хабар дод; Ин ниҳоди миллӣ, ки ба зудӣ ташкил мешавад, вазифаи назорат бар қориён, баррасии тиловат ва таъйиди иҷозаи тиловати қориёнро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Бисёре аз фаъолони қуръонии Алҷазоир таъсиси ин ниҳодро дастоварди муҳим барои вазорати авқоф ва умури динӣ медонанд, ки дар солҳои ахир пешрафти чашмгире дар заминаи омӯзиши Қуръони Карим ва густариши улуми қуръонӣ доштааст.
Масъулони вазорати авқоф ва умури динии Алҷазоир ҳамчунин аз фаъолияти густурдаи Алҷазоир дар заминаи омӯзиши қироатҳо ва ривоятҳои қуръонӣ ба вижа ривояти Варш аз Нофеъ хабар додаанд, ки ривояти роиҷ аз тиловати Қуръони Карим дар ин кишвар аст; Донишҷӯёни бисёре аз кишварҳо ба вижа кишварҳои шимол ва ғарби Африқо дар Алҷазоир ба омӯхтани Қуръон, улуми қуръонӣ ва ривоятҳои қуръонӣ машғул ҳастанд.