Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон, дар номае хитоб ба донишҷӯёни бовиҷдони ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико, зимни ибрози ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ бо эътирозҳои зидди саҳюнистии ин донишҷӯён, ононро бахше аз ҷабҳаи муқовимат дониста ва бар тағйири вазъият ва сарнавишти минтақаи ҳассоси ғарби Осиё таъкид кард.
Матни номаи ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ин номаро ба ҷавонони менависам, ки виҷдони бедорашон онҳоро ба дифоъ аз кӯдакону занони мазлуми Ғазза барангехтааст.
Ҷавонони азиз донишҷӯ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико! ин, паёми ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мо бо шумо аст. Шумо акнун дар тарафи дурусти таърих , ки дар ҳоли варақ хӯрдан аст, истодаед.
Шумо акнун бахше аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил додаед ва дар зер фишори бераҳмонаи давлататон , ки ошкоро аз режими ғосиб ва бераҳми саҳюнист дифоъ мекунад, муборизаи шарофатмандонаро оғоз кардаед.
Ҷабҳаи бузурги муқовимат дар нуқтаи дур, бо ҳамин идрок ва эҳсосоти имрӯзи шумо, солҳо аст мубориза мекунад. Ҳадаф ин мубориза, таваққуфи зулми ошкоре аст, ки як шабакаи террорист ва бераҳм ба номи «саҳюнистҳо», аз солҳо пеш бар миллати Фаластин ворид сохта ва пас аз тасарруфи кишварашон, онҳоро зери сахттарин фишорҳо ва шиканҷаҳо гузоштааст. Наслкушии имрӯзи режим опортойди саҳюнист, идомаи рафтори ба шиддат золимона дар даҳҳо соли гузашта аст.
Фаластин як сарзамини мустақил аст бо миллате муташаккил аз мусулмон ва масеҳӣ ва яҳудӣ ва бо собиқаи таърихии тӯлонӣ. Сармоядорони шабакаи саҳюнистӣ пас аз ҷанги ҷаҳонӣ, бо кумаки давлати Англис, чанд ҳазор террористро ба тадриҷ вориди ин сарзамин карданд; ба шаҳрҳо ва рустоҳои он ҳуҷум бурданд; даҳҳо ҳазор нафарро куштанд ё ба кишварҳои ҳамсоя ронданд; хонаҳо ва бозорҳо ва мазрааҳоро аз дасти онон берун кашиданд, ва дар сарзамини ғасбшудаи Фаластин, давлате ба номи Исроил ташкил доданд.
Бузургтарин ҳомии ин режем ғосиб, пас аз нахустин кумакҳои англисӣ, давлати Иёлот Муттаҳидаи Амрико аст, ки пуштибониҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва таслиҳотӣ аз он режимро яксара идома дода ва ҳатто бо беэҳтиётии ғайри қобили бахшиш, роҳ барои тавлиди силоҳи ҳастаиро ба рӯи ӯ гушӯда ва ба ӯ дар ин роҳ кумак кардааст.
Режими саҳюнист аз рӯзи аввал, сиёсати «мушти оҳанин»-ро дар баробари мардуми бедфои Фаластин ба кор гирифт ва беэътино ба ҳамаи арзишҳои виҷдонӣ ва инсонӣ ва динӣ, рӯз ба рӯз бар бераҳмӣ ва террор ва саркӯбгарӣ афзуд.
Давлати Амрико ва шариконаш, ҳатто аз як ахм дар баробари ин терроризми давлатӣ ва зулми мустамар, дареғ карданд. Имрӯз ҳам бархе изҳороти давлати Иёлоти Муттаҳида дар қиболи ҷинояти ҳавлноки Ғазза беш аз ончи воқеӣ бошад, риёкорона аст.
“Ҷабҳаи муқовимат” аз дили ин фазои торик ва яъсолӯд сар баровард ва ташкили давлати “Ҷумҳурии Исломӣ” дар Эрон, онро густариш ва тавоноӣ дод.
Сардамдорони саҳюнисми байналмилалӣ, ки бештарин мақарҳои расонаӣ дар Амрико ва Аврупо мутааллиқ ба онҳо ё зери нуфузи пул ва ришваи онҳо аст, ин муқовимати инсонӣ ва шуҷоъонаро терроризм муаррифӣ карданд! Оё миллате, ки дар сарзамини мутааллиқ ба худ дар баробари ҷиноятҳои ишғолгарони саҳюнист аз худ дифоъ мекунад, террорист аст? Ва оё кумаки инсонӣ ба ин миллат ва тақвияти бозӯҳои ӯ кумак ба терроризм ба ҳисоб меояд?
Сардамдорони султаи қаҳромези ҷаҳонӣ, ҳатто ба мафоҳими башарӣ ҳам раҳм намекунанд. Режими террорист ва бераҳми Исроилро дифоъкунанда аз худ вонамуд мекунанд ва муқовимати Фаластинро, ки аз озодӣ ва амният ва ҳаққи таъйини сарнавишти худ дифоъ мекунад, “террорист” меноманд!
Ман мехоҳам ба шумо итминон диҳам, ки имрӯз вазъият дар ҳоли тағйир аст. Сарнавишти дигаре дар интизори минтақаи ҳассоси ғарби Осиё аст. Бисёре аз виҷдонҳо дар миқёси ҷаҳонӣ бедор шуда ва ҳақиқат дар ҳоли ошкор шудан аст. Ҷабҳаи муқовимат ҳам неруманд шуда ва нерумандтар хоҳад шуд. Таърих ҳам дар ҳоли варақ хӯрдан аст.
Ба ҷуз шумо донишҷӯёни даҳҳо донишгоҳ дар Иёлоти Муттаҳида, дар кишварҳои дигар ҳам донишгоҳҳо ва мардум ба по хостаанд. Ҳамроҳӣ ва пуштибонии устодони донишгоҳ аз шумо донишҷӯён ҳодисаи муҳим ва асаргузоре аст. Ин метавонад дар қиболи шиддати амали полисии давлат ва фишорҳое, ки бар шумо ворид мекунанд, то андозае оромишбахш бошад. Ман низ бо шумо ҷавонон эҳсоси ҳамдардӣ мекунам ва истодагии шуморо арҷ мениҳам.
Дарси Қуръон ба мо мусулмонон ва ба ҳамаи мардуми ҷаҳон, истодагӣ дар роҳи ҳақ аст: فَاستَقِم كَما أُمِرتَ ; “Пас, ҳамонгуна, ки дастур ёфтаӣ, истодагӣ кун” (Сураи Ҳуд, ояти 112) ва дарси Қуръон дар бораи иртибототи башарӣ ин аст: на ситам кунед ва на зери бори ситам биравед: لا تَظلِمونَ وَلا تُظلَمونَ; (Сураи Бақара, ояти 279); ҷабҳаи муқовимат бо фарогирӣ ва амал ба ин дастурҳо ва садҳо монанди он ба пеш меравад ва ба пирӯзӣ хоҳад расид; ба хосту иродаи Худованди Мутаол.
Тавсия мекунам бо Қуръон ошно шавед.
Сайид Алии Хоманаӣ
2024/5/25
1403/3/5