Ба гузориши ТоҷикПресс, бархе аз муҳимтарин хисоратҳо дар баёнияи охирин омори марбут ба ҷанги Ғазза пас аз гузашти 240 рӯз ингуна эълом шудааст:
Артиши Исроил 3 ҳазору 247 ҷиноятро дар Ғазза анҷом додааст.
Теъдоди шаҳидон ва касоне, ки бедарак шудаанд ба 46 ҳазору 439 нафар расидааст.
Теъдоди кӯдакони шаҳид ба 15 ҳазору 438 нафар расидааст.
Шумораи шаҳидони зан ба 10 ҳазору 231 нафар расидааст.
37 нафар бар асари гурӯснагӣ ба шаҳодат расидаанд.
498 нафар неруи пизишкӣ ва дармонӣ ба шаҳодат расидаанд.
70 нафар аз неруҳои кумакрасон ба шаҳодат расидаанд.
147 хабарнигор то ҳол ба шаҳодат расидаанд.
Неруҳои Исроил 7 гури дастаҷамъона дар дохили бемористонҳои Ғазза ба по кардаанд.
Ишғолгарон 148 маркази истиқоматии оворагонро мушакборон кардааст.
Теъдоди захмиҳо ба 82 ҳазору 627 нафар расидааст.
17 ҳазор кӯдак волидони худ ё яке аз онҳоро аз даст додаанд.
11 ҳазор нафар захмӣ ниёзманди хуруҷ барои дармон мебошанд.
10 ҳазор бемори саратон ба дармони фаврӣ ниёз доранд.
Як миллиону 95 ҳазор нафар ба хотири оворагӣ ва бесарпаноҳӣ ба бемориҳои гузаранда мубтало шудаанд.
20 ҳазор нафар ба хотири оворагӣ ба бемории илтиҳоби ҷигар мубтало шудаанд.
60 ҳазор зани ҳомила ба сабаби набуди имкониятҳои пизишкӣ дар хатар мебошанд.
5 ҳазор нафар аз оғози ҷанг то ҳол боздошт шудаанд.
То ҳол беш аз 2 миллион нафар дар Ғазза овора шудаанд.
109 мактабу донишгоҳ; 604 масҷид; 88 ҳазору 300 хонаи истиқоматӣ ба таври комил вайрон шудаанд.
78 ҳазор тонна маводи тарканда бар сари мардуми Ғазза рехта шудааст.
33 бемористон аз хидматрасонӣ боз мондааст.
160 маркази тандурустӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
33 миллирд доллар хисорати мустақими ҷанг алайҳи Ғазза тахмин зада шудааст.
https://tajikpress.com/2024/06/02/