Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати маорифи Фаластин дар баёнияе эълом кард: Беш аз 15 ҳазор кӯдак аз оғози ҷанги Ғазза ба шаҳодат расидаанд, ки бештари онҳо аз донишомӯзони мактабҳо ва боғчаҳо ҳастанд. Ҳамчунин 64 донишомӯз аз Каронаи Бохтарӣ аз ҷумла Қудс ба шаҳодат расидаанд.
Бар асоси ин баёния, режими ишғолгари Исроил мактабҳо ва боғчаҳоро тахриб карда ва ғайринизомиёнро ба шаҳодат расонда ва онҳоро аз хадамоти пизишкӣ маҳрум мекунад. Аз замони оғози ҷанги Ғазза 620 ҳазор донишомӯз аз рафтан ба мактаб маҳрум шудаанд. Теъдоди 88 ҳазор донишҷӯ низ аз рафтан ба донишгоҳҳояшон маҳрум шудаанд. Бештари онҳо низ дучори мушкилоти равонӣ шудаанд ва бо шароити пизишкии душворе рӯбарӯ ҳастанд.
Ин вазоратхона аз созмонҳову ниҳодҳои Созмони Милал ва мудофеъони ҳуқуқи кӯдакон ва ҳаққи таълим хост ба қонуншиканиҳои такрорӣ ва ҷиноятҳои режими ишғолгар алайҳи кӯдакон, донишомӯзон ва кормандони пизишкӣ ва донишгоҳӣ дар тамоми вилоятҳо поён диҳанд ва барои таваққуфи таҷовуз ба Ғазза ва ҳамчунин Каронаи Бохтарӣ мудохилаи фаврӣ кунанд.
Неруҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунон ба ҷанги худ алайҳи Навори Ғазза идома медиҳанд ва ин ҷанг, ки аз ҳафтуми октябри оғоз шудааст ба шаҳодати 36 ҳазору 479 нафар ва маҷруҳ шудани 82 ҳазору 777 фаластинӣ сабаб шудааст ва ҳамчунон ҳазорон тан аз қурбониён зери харобаҳо мебошанд.
https://tajikpress.com/2024/06/05/