IQNA

Парлумони Словения давлати мустақили Фаластинро ба расмият шинохт

19:59 - June 05, 2024
рақами хабар: 1624
ИКНА - Парлумони Словения тарҳи ба расмият шинохтани давлати мустақили Фаластинро тасвиб кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар идомаи ҳимояти байналмилалӣ аз Фаластин дар баробари ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, Словения низ давлати мустақили Фаластинро ба расмият шинохт.

Ҳарчанд намояндагони ду ҷиноҳи муҳими Словения дар мавриди ин тарҳ ихтилофи шадид доштанд, дар ниҳоят ин тарҳ бо аксарияти орои намояндагони ин кишвар тасвиб шуд.

Сарвазири Словения Роберт Глоб дар бораи ин тарҳ гуфт: Моҳи феврали соли ҷорӣ мо бо дӯстону муттаҳидонамон дар мавриди эътирофи давлати Фаластин сӯҳбат кардем ва ба хулосае омадем, ки Аврупо дар мавриди Фаластин коре бояд анҷом диҳад.

Бояд гуфт, ки қабл аз Словения, Испания, Норвегия ва Ирландия низ давлати мустақили Фаластинро ба расмият шинохтанд.

https://iqna.ir/fa/news/4219986

captcha