Ба гузориши равобити умумии созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, ба ҳиммати ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсия Русия, нусхаи электронии тарҷумаи русии “Одоби сафари Ҳаҷ” асари Оятуллоҳ Сайидалии Қозиаскар дар «Литерс», аввалин ва бузургтарин сомонаи арзаи китобҳои электронии русӣ қарор гирифт.
Нусхаи физикии ин китоб, пештар дар соли 2013 бо ҳамкории ройзани фарҳангии кишвари Эрон дар Русия аз сӯи нашри Илм мунташир шуда буд.
Литерс дар муаррифии нусхаи электронии ин асар барои мухотабони русзабон, навиштааст: китобе, ки шумо хонандаи гиромӣ дар даст доред ҳовии марворидҳои ҳикмат ва ибодат аз каломи покатарин инсонҳо, аиммаи Атҳор (а) хитоб ба касоне аст, ки роҳии хонаи муқаддаси Худоро дар пеш мегиранд. Умедвор ҳастем ончиро, ки ба думболаш ҳастед дар ин асар пайдо кунед.
Литерс, сервиси китоби электронии дараҷаи аввал дар Русия, ки дар соли 2005 таъсис шуд, имрӯза дар бозори китобҳои электронӣ дорои муҷаввизи Русия ва кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, ба унвони пешравтарин маҳсуб мешавад.
Маҷмӯаи Литерс шомили 1000000 китоби электронӣ ба забони русӣ ва хориҷӣ, 48000 китоби роягон, 65000 китоби савтӣ аст ва ҳар моҳ 5000 китоби ҷадид ба ин маҷмӯа изофа мешавад ва мухотабон моҳона хадамоти ин ширкат, 12,5 миллион нафар ҳастанд, ки беш аз 1.5 миллион китобро дар тӯли моҳ донлуд мекунанд.
Литерс ин имконро медиҳад то 20 дарсад аз ҳар китоби электронӣ ё китоби савтӣ ба сурати роягон хонда ё гӯш дода шавад.
Шоёни зикр аст, ин китоб ба нишони интернитии одоби сафари Ҳаҷ дар дастраси алоқамандон ва мухотабони русзабон қарор дорад.
https://iqna.ir/fa/news/4221153