Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистон, риёсати умури динии Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ аз омодагии худ барои тарҷумаи хутбаи рӯзи Арафа ба бист забони байналмилалӣ дар Ҳаҷҷи имсол ва расондани он ба гӯши як миллиард мухотаб дар саросари ҷаҳон хабар дод.
Риёсати умури динии ҳарамайни шарифайн эълом кард тарҷумаи хутбаи рӯзи Арафа, рисолати динӣ ва инсонии Арабистон ва пешгоми ин кишвар дар арсаҳои тасомуҳ ва эътидолро мунъакис месозад.
Ба гуфтаи раиси умури динии ҳарамайни шарифайн, барномаи тарҷумаи хутбаи рӯзи Арафа нишонаи эҳтимоми тавлият ба нашр ва густариши дини Ислом, арзишҳои олӣ, инсоният ва раҳмати он дар ақсо нуқоти ҷаҳон ва инъикоси нақши Арабистон дар хидматрасонӣ ба ҳуҷҷоҷ ва тарҷумаи хутбаи рӯзи Арафа аз нуқоти калидии барномаи амалиёти Ҳаҷ аст.
Барномаи тарҷумаи хутбаи Арафа ба забонҳои мухталиф, ки дар нахустин соли иҷрои худ, танҳо ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, молоӣ, урду ва форсӣ анҷом мегирифт, соли гузашта бо пӯшиши 20 забони мухталиф ва бо ҳадафи баҳрамандии 300 миллион нафар аз ин хутба ба анҷом расид.
Соли гузашта хутбаи Арафа ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, урду, олмонӣ, испанияӣ, индонезияӣ, банголӣ, молоӣ, амхарӣ, ҳавасо, туркӣ, русӣ, чинӣ, форсӣ, томилӣ, филиппинӣ, бӯснияӣ, савоҳилӣ, ҳиндӣ ва шветсияӣ тарҷума шуд. Ин тарҷума таҳти назорати фаннӣ ва адабӣ ба манзури ҳусули итминон аз тарҷумаи дақиқ ва равон сурат гирифт.
https://iqna.ir/fa/news/4221014