Дар шароите, ки Ғарб ба сурати маҳкам пушти саҳюнистҳо истода ва бевоҳима шадидтарин ҷиноятҳоро алайҳи мардуми бедифоъ ва мазлуми Ғазза анҷом медиҳад, ҷабҳаи муқовимат ба тарзи мӯъҷизаворе дар ҳоли густариш ва қудратманд шудан аст.
Мошин ҷангии режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ пас аз ба ҷой гузоштани вайронаҳо ва харобиҳои бисёр густурда дар борикаи Ғазза, дар остонаи суқут аз партгоҳи шикаст, қасд дорад биистад. Тарҳи ҷадиди Телавив барои оташбаси ин рӯзҳо нақли маҳофили расонаҳо аст. Ин дар ҳоле аст, ки Рафаҳ ба унвони паноҳгоҳи аҳолии овораи Ғазза ҳам ба рағми ҳушдорҳои ҷиддӣ байналмилалӣ, аз оташафрӯзии Телавив дар амон намонд ва ба ин тартиб охирин барги бозии саҳюнистҳо ҳам бар мало шуд, вале натавонист варақро ба нафъи онон баргардонад.
Бо гузашти наздик ба 250 рӯз аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза ва ба ҷой гузоштани 37 ҳазор шаҳид ва 84 ҳазор маҷрӯҳ натанҳо мақсуди саюнистҳоро бароварда накард, балки ба тақвият ва густариши фаросарзаминии ҷабҳаи муқовимат ба унвони гуфтумони зулмситезонаи истиқоматмеҳва анҷомид.
Ҷунбишҳои муқовиматӣ ва исломӣ, дар чанд даҳаи ахир дар матни таҳаввулоти минтақаи Ховари Миёна ва низоми байналмилал асаргузор буда ва тавониста бо илҳом гирифтан аз гуфтумони Инқилоби Исломии Эрон, ба таври густурда матраҳ шавад. Бар ин асос гуфтумони ҷабҳаи муқовимат бо қудрати физояндае тавониста тақобули ҷиддитаре бо низоми султа эҷод кунад. Муқобила бо низоми султа дар кишварҳое монанди Ироқ, Сурия, Лубнон, Фаластин ва Яман мунҷар ба тағйири чолишҳо ва шикасти ҳақиронаи истикбор дар минтақа шудааст.
Солҳост қудратҳои ғарбӣ ҳамчун Амрико ва кишварҳои аврупоӣ, тамоми тавони худро барои эҷоди мақбӯлият ва машрӯъияти ҷаълӣ барои режими саҳюнистӣ ва ироаи тасвири ғайри мутамаддинона аз сокинони аслии Ғазза басиҷ кардаанд. Қатъномаҳои маҳкумияти режими палиди саҳюнистӣ ҳамеша дар Созмони Милал, аз сӯи Амрико вето шудааст. Ҳоливуд солҳо аст татҳири саҳюнистҳоро дар дастури кори худ дорад. Ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз Телавив ҷузви усули собити сиёсати хориҷии Амрико ва бисёре аз кишварҳои ғарбӣ будааст, вале бо ин ҳол талоши ҷараёни истикбор барои мудирияти ҷаҳонии афкори умумӣ дар хусуси масъалаи Фаластин, онгуна, ки барномарези карда пеш намеравад.
Солҳост чакидаи гуфтумонмеҳвари муқовимати исломӣ, ки бозтавлиди фарҳанги муқовимати миллати Эрон дар баробари истибдоди дохилӣ ва истикбори ҷаҳонӣ аст бо ибдои шеваи навине аз муқовимат, манофеъи Ғарб ва саҳюнизми ҷаҳониро дар минтақаи Ховари Миёна мавриди таҳдид қарор дода ва бо эҷоди чолиш дар тавозуни қувои минтақаӣ амалан ба маконизми қудратманде ҷиҳати муқобила бо сиёсатҳои истикборӣ дар минтақа табдил шудааст.
Ҷаҳони шудани ин тафаккур ва рушди гурезнопазирии ин огоҳӣ, равандҳои ҷаҳониро ба нафъи миллатҳои мазлум ва ба зарари мустакбирон тағйир хоҳад дод. Чӣ бисёр виҷдонҳои бедор, ки дар тарафи дурусти таърих хоҳанд истод ва бахши дигаре аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил хоҳанд дод.
Чӣ чизе ин маъракаи комилан нобробрро ба нафъи Фаластиниҳо сомон додааст? Оё ғайр аз ин аст, ки Худованди Мутаол дар ин масоф ба ваъдаи худ дар нусрати “Мазлумони муҷоҳид” амал кардааст? Оё дар саҳнаи амал, ҷуз Худованд метавониста натиҷаи ин рӯёрӯиро ба зарари “мутаҷовизи хунрез” сомон бидиҳад? Ҷой саволии дигаре вуҷуд дорад, ки ин ваъда чигуна муҳаққақ гардидааст? Оё агар муқовимати муъминонаи сокинони Навори Ғазза, дасти бародаронаи Ҳизбуллоҳи Лубнон, дифои эсоргарона ва шуҷоъонаи муқовимати Яман ва муқовимати Ироқ ва ҳузури мубтакирона ва масъулиятпазиронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар саҳнаи дифоъ аз Ғазза набуд, ваъдаи илоҳӣ муҳаққақ мешуд? Ояти шарифаи إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُركُم وَيُثَبِّت أَقدامَكُم посухи ин саволро додааст; “Агар Худоро ёрӣ кардед, Худованд ба шумо пирӯзӣ ато мекунад” ин яъне замоне, ки тавон ва «имкони амалии» худро ба майдони овардед, нусрати Худованд фаро мерасад ва саҳнае, ки аз назари идда ва удда нобробр аст, ба нафъи «мазлуми муҷоҳид» чархиш пайдо мекунад ва ҷабҳаи куфрро ба ҳазимат ва эътироф ба шикаст во медорад, ҳамонгуна, ки сарони Амрико, Англис, Фаронса ва Олмонро пас аз он ҳама кумак, ба шикаст водоштааст. Бинобар ин, ин як пирӯзии оддӣ нест, мӯъҷизаи ошкор дар замонаи мост, ки аз шикофтани рӯди Нил ва убури солими муъминон аз амвоҷи хурӯшони он ҳам пурфуруғтар аст.
https://tajikpress.com/2024/06/13/