Расонаҳои исроилӣ бо ишора ба хисороти сангини заработи муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон ба артиши ин режим, таъкид карданд: Ҳизбуллоҳ аз тавоноиҳои иттилоотии болое бархурдор аст.
Вебсайти ибрӣ забони "Netsifnet", дар мақолае бо унвони «талошҳо барои сарнагунсозии паҳподҳои Ҳизбуллоҳ - тасвири талх!» таъкид кард он чи чандин моҳ пеш дар бораи он ҳушдор дода шуда буд, акнун дар ҳоли иттифоқ афтодан аст; Ҳизбуллоҳ «оҳиста-оҳиста ва пайваста исроилро вориди асри ҳаҷар мекунад.»
Ин вебсайти ибрӣ забони исроилӣ изъон кард Ҳизбуллоҳи Лубнон осебҳои зиёде ба сомонаҳои иттилоотӣ ва радарӣ ва бисёре аз сомонаҳои ҳушдордиҳанда ворид кардааст ва ин амр мӯҷиби кӯр шудани тавоноиҳои артиш дар раҳгирӣ ва муқобила бо хатарот шудааст, бисёре аз ин воқеиятҳо аз чашм ва гӯши афкори умумӣ дар Исроил пинҳон аст.
Ба навиштаи вебсайти ибрӣ забони "Netsifnet" «исроилиҳои бисёр каме аз ҳақиқат иттилоъ доранд, ҳатто пас аз он ки Ҳизбуллоҳи Лубнон ҷузъиёти амалиёти худро бо баёния ва филм мунташир мекунад.» ин амр нишонгари сензураи эъмол шуда аз сӯи артиш ва масъулони режими саҳюнистӣ бар ахбори ҷанг аст.
Ин вебсайти ибрӣ забон таъкид кард: иттилооти ҷамъоварӣ шуда тавассути Ҳизбуллоҳ дақиқ аст, то ҷое, ки «дар сатҳи созмонҳои иттилоотии пешрафтаи ғарбӣ» қарор дорад, ин ҳизб тавоноии пойиш, ҷамъоварии иттилооти дақиқ ва мустанадсозии амалиётҳо ва хисороти ношӣ аз онро дорад.
Вебсайти ибрӣ забони "Netsifnet" афзуд: «бидуни тардид бояд гуфт ҳеҷ ҳадафе дар шимол вуҷуд надорад, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон натавонад онро мавриди исобат қарор диҳад ва мизони муваффақияти ин ҳамалот беш аз 50 дарсад аст, Ҳизбуллоҳ аз чандин моҳ пеш тавоноӣ ё нотавонии артиши Исроил дар раҳгирии паҳподҳои инфиҷориро озмудааст ва неруҳои ин ҳизб барои партоби паҳподҳо ба ҷои системи мавқеиятёби ҷаҳонии (GPS) аз дӯрбинҳо истифода мекунанд, ки миёнгини диққати он бисёр болост.»
Ин вебсайти ибрӣ забони исроилӣ бо ишора ба ин ки бархе аз аснод ва иттилооти ироа шуда тавассути Ҳизбуллоҳи Лубнон бо истифода аз паҳподҳо ва аз дохили Исроил ҷамъоварӣ шудааст, афзуд: ин ҳизб дорои паҳподҳои радаргурези пешрафта аст, ки аз диди радарҳо махфӣ мемонад ва ба ҳаракати худ ба самти ҳадаф идома медиҳад.
Вебсайти ибрӣ забони "Netsifnet" навишт, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо як ҳамлаи аввалия ҳадди ақал 50 дарсад аз сомонаҳои гунбади оҳанин дар шимолро аз кор хоҳад андохт, бинобар ин артиш бояд барои ҷилавгирӣ аз ҳамалоти паҳподии Ҳизбуллоҳ ба сурат мудовим макони истиқрори ин сомонаҳоро тағйир диҳад.
Дар поёни ин гузориш омадааст: бисёре аз «ҳушдорҳои нодуруст» дар воқеъ дуруст будааст ва паҳподҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон бо убур аз сомонаҳои падофндӣ ба самти Исроил ҳаракат кардааст дар ҳоле, ки артиш дар раҳгирии он ноком мондааст.
https://tajikpress.com/2024/06/14/