Ба гузориши ИКНА, зоирони Байтуллоҳилҳаром пас аз эҳром, тавоф, саъй, тарвия ва вуқуф дар кӯҳи Арафа, бо партоби санг ба Мано маросими рамйи ҷамаротро ба унвони охирин маносики Ҳаҷ анҷом медиҳанд.
Зоирон аз ибтидои саҳар ба сӯи водии Мано дар наздикии Макка ҳаракат карда то ҷамароти сегонаро бо ҳафт сангреза, ки дар Муздалифа ҷамъоварӣ карда буданд сангсор кунанд, сипас дубора ба Макка бозгарданд то қурбониҳои худро анҷом дода ва тавофи видоъро дар масҷиди ҷомеъ анҷом диҳанд.
Маросими рамйи ҷамарот дар рӯзи аввали иди Қурбон анҷом мешавад ва зоирон ба таври маъмул гӯсфандеро зибҳ карда ва гӯшти онро ба унвони қурбонӣ байни ниёзмандон тақсим мекунанд.
Ба гуфтаи мақомоти Саудӣ, дар маросими Ҳаҷ ҳудуди 1.8 миллион нафар аз ҷумла 1.6 миллион нафар аз хориҷ аз ин кишвар гирди ҳам омадаанд. Дар соли 2019 теъдоди зоирин болиғ бар 2.5 миллион буд, ки пас аз ҳамагирии корона вирус ибтидо маросими Ҳаҷ ба муддати яксол мутаваққиф шуд ва сипас ба тадриҷ бо риояти усули беҳдоштӣ ва маҳдудиятӣ теъдоди ҳуҷҷоҷ аз саргирифта шуд.