Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ал-Олам, мӯътаризони шаҳракнишин хостори баргузории интихоботи зудҳангом ва инъиқоди қарордоди табодули усаро бо Ҳамос аст.
Саюунистҳо кобинаи Нетаняҳуро «кобинаи тахриб ва вайронӣ» тавсиф карданд ва бо шиори «кобинаи тахриб эътимоди мардумро аз даст додааст», хостори сарнагунии кобинаи Нетаняҳу шуданд.
Тазоҳуроткунандагон пеш аз рафтан ба Кнессет муқобили манзили «Исҳоқ Ҳерзог», раиси режими Исроил дар Байтулмуқаддаси ғарбӣ таҷаммӯъ карданд.
Полиси режими саҳюнистӣ бо истифода аз мошинҳои обпош саъй кард то тазоҳурот алайҳи кобинаи Нетаняҳуро саркӯб кунад.
Тазоҳуроткунандагон банере бо тасвири Нетаняҳу ва кафи дасти хунин ҳамл мекарданд, ки рӯи он ба англисӣ ва ибрӣ навишта шуда буд: «шайтони шарир».