IQNA

Алиасғари Пуриззат баён кард:

Зарфиятҳои ҳуши маснӯъӣ барои баррасии воҳидҳои мафҳумии Қуръони Карим

11:06 - June 22, 2024
рақами хабар: 1702
ИКНА - Раиси донишкадаи ҳукмронии донишгоҳи Теҳрон гуфт: зарфияте ки ҳуши маснӯъӣ (зеҳни сунъӣ) барои баррасии воҳидҳои мафҳумии Қуръони Карим, аҳком ва ҳикматҳои Қуръон дорад, зарфияти муҳимме аст ва набояд аз он ғафлат кард.

Алиасғари Пуриззат; раиси донишкадаи ҳукмронии донишгоҳи Теҳрон, дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА, ба баёни нукоте дар бораи тақсимбандии воҳидҳои мафҳумии Қуръони Карим пардохт ва гуфт: дар як нигоҳ ба фарозҳои қуръонӣ, бо дар назар гирифтани саёқҳо ва селлулҳои мавзӯъӣ ба ин натиҷа мерасем, ки метавон Қуръони Каримро ба панҷсаду панҷоҳу панҷ воҳиди мафҳумӣ ва албата гоҳе камтар ё бештар тақсим мекард. Дар ин тақсим бандӣ, нигоҳ бар ин аст, ки ҳар фарози мафҳумӣ, далолати дақиқ бар як мавзӯъ дошта бошад.

Вай афзуд: агар ин фарозҳои мафҳумиро ҷудогона дар назар бигирем метавон бар асоси онҳо, дар бораи як ваҷҳ аз як падида, ки ба он пардохта шуда ҳукме содир кард ё ҳукмеро истинбот кард. Ҳол агар ҳамаи панҷсаду панҷоҳу панҷ воҳиди мафҳумии Қуръони Каримро дар шабакае аз мафоҳими муртабит бо ҳамдигар дар назар бигирем, далолатҳои дақиқтаре дар бораи абъоди гӯногӯни як падеда эҷод мешавад масалан дар бораи абъоди гӯногӯни рибо ва табоҳиҳое ки барои ҷомеъа ба ҳамроҳ дорад ё абъоди мухталифи масаълаи талоқ ва мушкилоте ки барои тарафайни ин падеда эҷод мекунад ва ин ки чигуна бояд бо ҳар як аз тарафайн ва зинафъон аз кӯдакон гирифта то падарону модарон амал кунанд, абъоди мухталифе аз ин таобири мафҳумии мади назар ва қобили истинбот аст.

Пуриззат баён кард: ба ин тартиби имкони истинботҳои мукаррар ва барқарорсозӣ ва  бозсозии истинботҳо фароҳам мешавад. Зарфияте ки ҳуши маснӯъӣ барои ин таркибҳо ва тайидҳо эҷод карда ва имкони инро фароҳам мекунад, ки аз абъоди гӯногӯн дар мувоҷиҳа бо ҳар падедаи ҷадид битавон ба сиришти аҳкоми мавриди назари қуръонӣ расид ё ҳикматҳои Қуръониро аз он боб истинбот кард, ин зарфияти муҳиме аст ва набояд аз он ғафлат кард.

Раиси донишкадаи ҳукмронии донишгоҳи Теҳрон тасреҳ кард: ин кор дар мароҳили ибтидоии анҷом қарор дорад ва тарҳи аввалияи он дар соли 1395 тавассути банда ва яке аз ҳамкорон ба номи Майсами Алипӯр омода шуд, мунташир шуд ва ба сӯрати ройгон дар фазои маҷозӣ дар ихтиёри мардум қарор гирифт ва барои алоқамандон қобил донлуд аст. Тарҳе ки он мавқе анҷом шуд тарҳи аввалия буд ва акнӯн тарҳи тафсилӣ дар ҳоли анҷом аст ва умедворем бо ҳамкории андешмандони алоқаманд ба улӯми қуръонӣ, онро ба саранҷом бирасонем.

https://iqna.ir/fa/news/4222102

captcha