IQNA

Шарти қатъии Ҳамос барои тавофуқи оташбаси Ғазза эълом шуд

10:17 - June 23, 2024
рақами хабар: 1706
ИКНА - Яке аз раҳбарони ҷунбиши исломии Ҳамос дар изҳороте гуфт, ки муқовимати Фаластин ҳеҷ тарҳе, ки шомили таваққуфи ҷанг набошадро намепазирад.

Ба гузориши Алҷазира, Сомии Абузаҳрӣ, аз раҳбарони ҷунбиши исломии Ҳамос бо таъкид бар ин ки режими саҳюнистӣ ба куштори миллати Фаластин идома медиҳад, афзуд: ҳеҷ боздоранда ё монеъе бар сари роҳи ин кушторҳо вуҷӯд надорад.

Вай бо ҳушдор дар бораи идомаи ҷиноёти режими палид ва қӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён, гуфт: тадовуми кушторҳои ғайри низомиён дар Ғаззаи тавассут Исроил метавонад ба шуълавар шудани минтақа хатм шавад.

Ин узви аршади Ҳамос ҳамчунин афзуд: тамосҳо барои ҳусӯли тавофуқи оташбас ва табодули усаро ҳамчунон идома дорад.

https://iqna.ir/00HiXT

captcha