IQNA

Шӯрои равобити амрикоӣ исломӣ, маҳдудияти суннатҳои исломӣ дар Тоҷикистонро маҳкум кард

10:53 - June 23, 2024
рақами хабар: 1708
ИКНА - Шӯрои равобити амрикоӣ исломӣ, тасвиби лоиҳаи мамнуъияти ҳиҷоб ва эъмоли маҳдудият бар суннатҳои идҳои исломӣ дар Тоҷикистонро маҳкум кард.

Ба гузориши CAIR, (The Council on American–Islamic Relations) Шӯрои равобити амрикоӣ исломӣ, тасвиби лоиҳаи мамнуъияти ҳиҷоб ва эъмоли маҳдудият бар суннатҳои идҳои исломӣ дар Тоҷикистонро маҳкӯм кард.

Ҳадафи ин лоиҳа, маҳдуд кардани пӯшидани либосҳое аст, ки давлати Тоҷикистони онро либосҳои бегона меномад ва интизор меравад, ки дар дараҷаи аввал ҳиҷоб ва соири пӯшишҳои исломиро ҳадаф қарор диҳад.

Кори Сайлер, мудири таҳқиқоти Шӯрои равобити амрикоӣ исломӣ, дар ин бора гуфт: мамнуъияти ҳиҷоб нақзи озодии мазҳабӣ аст ва чунин мамнуъиятҳое барои пӯшиши мазҳабӣ набояд дар ҳеҷ кишваре, ки ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром мегузорад, ҷой дошта бошад. Мо ин қонуни золимона ва саркӯбгарро маҳкум мекунем ва аз давлати Тоҷикистон мехоҳем, ки ин тасмимро лағв кунад.

Вай хотирнишон кард ки Шӯрои равобити амрикоӣ исломӣ, қаблани ҳам пешниҳоди мамнуъияти ҳиҷоб дар Тоҷикистонро маҳкум карда буд.

Тоҷикистон бо вуҷуди доштани 98 дарсад ҷамъияти мусулмон, лоиҳаи мамнуъияти ҳиҷобро тасвиб карда ва дар охирин иқдоми худ барои маҳори нуфузи Ислом ҷаримаҳои сангинеро эъмол кардааст.

Ин лоиҳа, ки дар 19 июн дар маҷлиси аълои парлумон тасвиб шуд, пас аз солҳо саркуби ғайри расмии ҳиҷоб дар ин кишвар бо аксарияти мусулмон ироа шуда буд.

Бар асоси қонуни ҷадид, афроде ки ҳиҷоб доранд ё соири либосҳои мазҳабии мамнуъа ба сар мекунанд мумкин аст бо ҷаримаҳои сангин то ҳудуди 700 доллар мувоҷеҳ шаванд. Ҳамчунин ширкатҳое, ки ба коркунон иҷоза медиҳанд либосҳои мамнуъа бипушанд, то се ҳазору 500 доллар ҷарима мешаванд.

Ин лоиҳа ҳамчунин ширкати кӯдакон дар ҷашнҳои исломӣ ва суннатҳои ҳадя додани муртабит бо таътилоти исломии иди Фитр ва иди Қурбонро маҳдуд мекунад.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ки ҳадаф аз ин иқдомот тазмини омӯзиш ва эминии муносиби кӯдакон дар тӯли таътилот аст.

Тоҷикистон дар солҳои ахир шоҳиди ҳузури либосҳои исломӣ аз Ховари Миёна буда аст, ки мақомот онро муртабит бо ифротгароӣ ва таҳдид барои ҳувияти фарҳангии кишвар медонанд.

Қонуни ҷадид нишондиҳанда ташдиди маҳдудиятҳои ғайри расмии Тоҷикистон дар пӯшиши исломӣ аст. Аз соли 2007, ҳиҷоб барои донишомӯзон мамнӯъ шуд ва баъд ин мамнуъият ба тамоми муассисоти умумӣ таъмим ёфт.

Созмонҳои ҳуқуқи башар аз мамнуъияти ҳиҷоб дар Тоҷикистон ба унвони нақзи озодии мазҳабӣ интиқод кардаанд.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки мусулмонон беш аз 98 дарсад аз ҷамъиятро ташкил медиҳанд, иҷрои ин қонун эҳтимолан бо мухолифати қобили таваҷҷӯҳе дар ҷомеъаи Тоҷикистон мувоҷеҳ шавад.

https://iqna.ir/00HiWk

captcha