Дар соли даҳуми ҳиҷрӣ, яъне дар соле ки Паёмбари Акрам (с) барои анҷоми Ҳаҷҷатулвидоъ ба Макка мушарраф шуда буданд, ояте нозил шуд ва фармуд: إِنَّما وَلِيُّكُمُ اللَّهُ وَ رَسُولُهُ وَ الَّذينَ آمَنُوا الَّذينَ يُقيمُونَ الصَّلاةَ وَ يُؤْتُونَ الزَّكاةَ وَ هُمْ راكِعُونَ (Моида: 55). Худованд дар ин оят мефармояд, ки «валии» шумо мунҳасиран дар ин се маврид хоҳад буд. «إِنَّمَا» аз калимоти ҳаср ба маънои «инаст ва ҷуз ин нест», яъне ҷуз ин нест ва қатъан ҳамин аст, ки валии шумо фақат «Аллоҳ» ва Расули Аллоҳ ва касоне аст, ки имон овардаанд.
Ин ду маврид мушаххас аст, аммо оё «وَ الَّذینَ آمَنُوا» яъне ҳамаи мӯъминин валӣ ҳастанд? агар ҳама валӣ бошанд чӣ касе таҳти вилоят бошад? қатъан интавр нест ва «валӣ» аз миёни мӯъминон аст, ҳамчунон, ки дар оёти дигар низ ин масаъла матраҳ аст: قُلِ اعْمَلُوا فَسَيَرَى اللَّهُ عَمَلَكُمْ وَ رَسُولُهُ وَ الْمُؤْمِنُونَ (Тавба: 105). Ин оят низ ба мӯъминоне ишора дорад, ки мақоми шаҳодат ва назорат бар уммат доранд.
Худованди Мутаол дар идомаи оят мушаххас мекунад кунад, ки манзур аз ин мӯъминон чӣ касоне ҳастанд: «الَّذينَ يُقيمُونَ الصَّلاةَ وَ يُؤْتُونَ الزَّكاةَ وَ هُمْ راكِعُونَ» (Моида: 55). Саволе ки инҷо матраҳ мешавад оё ин мушаххасоти як қонуни ом аст? яъне ҳар фарде ин корро анҷом бидиҳад ва дар рукӯъи намоз закот бипардозад ба мақоми вилоят мерасад? ё на ин мушаххасоти фарде аст, ки ин корро анҷом дода ва мусулмонҳо ӯро мешиносанд? яъне ба ҷои инки номе бибарад, васфе аз фарди мавриди назарро, ки ҳама медонанд баён мефармояд. Агар ин як қоидаи ом буд, теъдоде ин корро анҷом медоданд. Дар таърихи Ислом ҳеҷ кас аз ин тариқ ба имомат нарасида ва ҳатто муддаии чунин матлабе ҳам нашудааст.
Бинобар ин тамоми мусулмонҳо фаҳмиданд ин ояӣ роҷеъ ба як фарде аст, ки ин иттифоқ дар мавриди ӯ афтода аст чаро ки пардохти закот дар рукӯъ ба худии худ як фазилат нест. Дар ривоёт ва таърих баён карданд, ки соиле вориди масҷид шуд вале ҳеҷ кас ба ӯ эътиное накард. Соил гуфт Худоё шоҳид бош, ба масҷиди Паёмбари ту омадам ва касе ба ман таваҷҷӯҳе накард ва ман дасти холӣ мондам. Амиралмуъминин Алӣ (а) дар рукӯъи намоз буданд ишорае карданд ва дасти худро дароз карданд, соил ангуштаре гирифт ва рафт.
Муфассирон тақрибан бар нузули ояти вилоят дар шаъни Амиралмуъминин Алӣ (а) иҷмоъ доранд. Қӯшчии Ҳанафӣ (1) Мирсаид Шарифии Ҷурҷонӣ (2) ва Саъдуддини Тафтозонӣ (3) аз уламои аҳли суннат ба иҷмоъ ва иттифоқи назари муфассирон дар инки ин оят дар ҳақи Алӣ ибни Абитолиб (а) нозил шудааст, ишора мекунанд. Ривоёти бисёре низ дар ин замина дар даст аст, Нисоӣ дар Ҷомеъул-усул, Ибни Касир дар тафсири Қуръонул-азим, Табарӣ, Ҳокими Найшобӯрӣ, Ибни Асокир ва Суютӣ дар ҳамин замина ривоёте бо санадҳои мутаъаддид аз саҳоба нақл мекунанд. Бо вуҷуди иддаои иҷмоъ дар ин замина, афроде ҳамчун Ибни Таймия Ҳаронӣ ва шогирдаш Ибни Алқим ин ривоятро рад кардаанд.
1 - Қӯшчӣ; шарҳи Таҷридул-эътиқод, саҳ368.
2 - Мирсаид Шарифии Ҷурҷонӣ; шарҳи Мувақиф, ҷ8, саҳ360.
3 - Тафтозонӣ, шарҳи Мақосид, ҷ5, саҳ270.