Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба интихоботи бисёр муҳими рӯзи ҷумъа, мушорикати ҳадди аксарии мардум ва интихоби аслаҳро сабаби сарафрозии миллат ва Ҷумҳурии Исломӣ баршумурда ва бо табйини вижагиҳои номзади аслаҳ, ҳамаро ба ҳузур дар пои сандуқҳои раъй фаро хонд ва таъкид кард: Ҳар кас ба Эрони қавӣ ва сарафроз алоқаманд аст ва ҳар кас муътақид ба ҳимоят аз низом аст, дар интихобот мушорикат кунад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо табрики «идуллоҳи ал-акбар» ба ҳамаи миллати Эрон ва мусулмонони ҷаҳон, баргузории ҷашнҳои мардумии иди шарифи Ғадир дар маобири умумиро ибтикори бисёр хубе хонда ва маъюс шудани кофирон аз шикаст додани Исломро таъбири бисёр барҷастаи Қуръон дар мавзуи иди Ғадир ва эъломи хилофату вилояти Амири муъминон (Саломи Худо ба ишон бод) баршумурд ва афзуд: Тадовуми ҳокимияту сиёсати исломӣ, ки дар имомат ҷилвагар аст, истимрори рӯҳи Ислом аст.
Ишон мақоми имоматро аз муҳимтарин шууни анбиёи илоҳӣ ва болотар аз мақоми рисолат хонда ва афзуд: Дар рисолат паёмбарон фаромини илоҳиро барои мардум баён мекунанд, аммо дар шаъни имомат, паёмбар фаромини илоҳиро дар дилу андеша ва амалу коркарди мардум ҷорӣ месозад. Ҳамчунин гуфт: Ҳадаф аз талошу муборизоти 250-солаи аимма, ки бархе бузургони шиа низ баъдҳо дунбол карданд ва дар асри ҳозир бо муҷоҳидатҳои имоми роҳил ва миллати Эрон идома ёфт, ҳокимияти Ислом буд, ки мунҷар ба густариши зисти исломӣ дар ҷомеа мешавад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар табйини хутути аслии улгӯи зисти исломӣ ба «адолат» , «ашиддоу алалкуффор», «руҳамоу байнаҳум», «дарки ранҷу сахтии мардум аз ҷониби ҳокими ҷомеа» ва « ҳамроҳӣ ва итоату кумаки мардум ба ҳокимияти исломӣ» ишора кард ва афзуд: Ғадир заминасози таҳаққуқи ин хутути таолибахши зисти исломист ва бо ин нигоҳ метавонад мояи ваҳдати ҳамаи фирақи исломӣ бошад ва набояд онро нуқтаи ихтилофи шиа ва суннӣ қарор дод.
Ишон дар бахши дувуми суханонашон, дар табйини фазоили мавлои муттақиён, таъкид кард: Чашми хираду афкори амиқи инсон низ қодир ба дарки ҷамоли маънавӣ ва рутбаи аршии мавло (а) нест ва ҳадди аксар қодир аст тасвири куллиро дар зеҳни худ тарсим кунад, аммо метавон бо руҷӯъ ба Наҳҷулбалоға, ки аз неъматҳои бузурги илоҳист ва ихтисос ба шиаён ҳам надорад, мабонӣ, меъёру равишҳоро аз Амири муъминон фаро гирифт ва бо фазоили ӯ ошно шуд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамаи фазоили ҳазрати Алиро дар авҷ хонд ва бо истинод ба Наҳҷулбалоға афзуд: «Яқин ва орӣ будан аз заррае яъсу шаку тардид», «ҳассос будан ба якояки мардум бо ҳар дину оин», «адолати ғайри қобили тавсиф», «фиреби нармишҳои зоҳирии душманро нахурдан ва ҳушёрии комил дар муқобили ӯ»-ро аз фазилатҳои бисёр барҷастаи имом Алӣ ибни Абитолиб баршумурд.
Ишон ҳамчунин эътиқоди амиқ ба мардумӣ будани ҳукумату ҳуқуқи мутақобили мардум ва ҳокимро аз фазоили Амири муъминон хонд ва гуфт: Мардумӣ будани комили низоми исломиро аз мавлои худ ва оёти қуръонӣ омухтаем, аммо бархеҳо ба ғалат мегӯянд, ки Ҷумҳурии Исломӣ интихобот, демократия ва мардумсолориро аз ғарбиҳо ёд гирифтааст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ аҳамият додан ба ҳарфҳо ва машваратҳои мардумӣ, он ҳам дар ҳоле ки илму ҳикмати имом Алӣ ба махзани илоҳӣ муттасил будааст ва таъкид бар ҳузуру таъсири фард-фарди мардум –ҳатто заифтарин онҳо - дар сарнавишти ҷомеа ва кишварро ду фазилати дигари имом Алӣ донист ва афзуд: Наҳҷулбалоға маъдани кашфу дарки абъод бисёр гуногуни шахсияти Амири муъминон аст ва шоиста аст, ки ҳамаи мардум ба хусус ҷавонон Наҳҷулбалоға бихонанд ва бо он инс бигиранд ва аз он дарсҳои беназир биёмузанд.
Ишон дар бахши баъдии суханонашон ба интихобот бисёр муҳими раёсатҷумҳурӣ пардохт ва гуфт: Се рӯзи дигар миллати Эрон дар муқобили озмуни муҳими интихобот қарор дорад, ки аҳамияти он беш аз ҳамеша аст. Ва ҳамчунин баргузории интихобот, 40 рӯз пас аз фиқдону ташйиъи миллионии раисҷумҳури хуб, маҳбуб, мардумӣ, корӣу ва алоқамандро амре камназир дар дунё донисту ибрози умедворӣ кард, ки Худованд миллати Эронро дар ин интихобот сарафроз кунад. Ва сарафрозӣ дар интихоботро дар гарави мушорикати ҳадди аксарии мардум ва интихоби аслаҳ хонд ва гуфт: Иллати исрору таъкид бар мушорикати чашмгир дар интихобот ин аст, ки муҳимтарин асари мушорикати боло, сарафрозии Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба истимрори хусуматҳо зидди Ҷумҳурии Исломӣ аз лаҳзаи ташкили он то кунун, интихоботу мушорикати болоро аз авомили фоиқ омадан бар душманиҳо баршумурд ва афзуд: Ҷумҳур ва мушорикати мардум дар зоти Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки интихоботу таъини масъули кишвар, муҳимтарин мазҳари он аст. Ҳамчунин бо ишора ба ин воқеият, ки ҳар гоҳ мизони мушорикат дар интихобот кам буда, забони маломати душманон зидди Ҷумҳурии Исломӣ баланд шудааст, хотирнишон кард: Ҳар вақт мизони мушорикат дар интихобот боло будааст, забони бадгӯён кӯтоҳ шуда ва натавонистанд маломат ва шодӣ кунанд, бинобар ин иллати дигари исрор бар мушорикати боло ин аст ки душманшод нашавем. Ва идома бо фарохони умумии мардум ба мушорикату парҳез аз танбалӣ ва беэътиноӣ ва дасти кам гирифтани интихобот гуфт: Интихобот фақат барои шаҳрҳо нест, балки дар ҳамаи рӯстоҳо ва бахшҳои кишвар мардум дар интихобот ширкат кунанд то Ҷумҳурии Исломӣ дар дунё сарафроз шавад.
Ишон дар баёни вижагиҳои фарди аслаҳ гуфт: Аслаҳ касест, ки дар дараҷаи аввал ба мабонии инқилобу низом ва ба ин роҳ, эътиқоди қалбӣ ва воқеӣ дошта бошад, ҳамчунон ки шаҳиди хизмат, Раисии азиз воқеан эътиқод дошт ва комилан маҳсус буд, ки ӯ бо дилу ҷон ва эътиқод кор мекунад.
Оятуллоҳ Хоманаӣ коромадиро вижагии муҳими фарди аслаҳ хонд ва гуфт: Коромадӣ яъне шаб ва рӯз нашиносад, дунболи кор бошад, тавоноии кор кардан дошта бошад ва аз аносиру ҳамкорони хуб истифода кунад. Ҳамчунин тавону нишоти анҷоми кор ҳамроҳ бо эътиқоди росих ба мабонии инқилобро аз дигар шохисҳои фарди аслаҳ донист ва афзуд: Фарди аслаҳ бо ин хусусиёт, қодир аст аз ҳамаи зарфиятҳои мутанаввеъ ва пуршумори кишвар барои пешрафт истифода кунад.
Ишон давлатҳои қаблро дар истифода аз зарфиятҳои кишвар яксон надонист ва гуфт: Давлати сездаҳум аз давлатҳое буд, ки аз зарфиятҳои кишвар ба хубӣ истифода кард ва агар ин давлат идома меёфт, эҳтимоли зиёд медодам бисёре аз мушкилоти иқтисодӣ ҳал шавад .
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар баёни зарфиятҳои муҳими Эрон гуфт: Анбӯҳи ҷамъияти ҷавон ва таҳсилкарда, ҳушу истеъдоди зотии эронӣ, маодини азиму мутанаввеъ, мавқеияти ҷуғрофиёӣ, марзҳои тӯлонии обӣ, теъдоди болои ҳамсоягон, бозорҳои бузурги минтақаӣ, бозори 80 миллионии дохилӣ, танаввуи иқлимӣ, шабакаи релӣ ва ҷодаӣ, тавонмандиҳои фаннии ҷавонон дар амри маскан, ҷода, сад ва санъат, манотиқи озоди тиҷорӣ ва меросҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ аз ҷумлаи зарфиятҳои кишвар аст. Ҳамчунин афзуд: Мардум воқеан муъмин ва муътақид ҳам зарфияти бисёр муҳиме ҳастанд; ҳатто агар бархе аз онҳо дар зоҳир пайбандии дуруст ба шаръ нишон надиҳанд.
Ишон бо интиқод аз тасаввури бархе сиёсиҳои кишвар мабнӣ бар ногузир будан аз овезон шудан ба ин қудрат ё он қудрати дунё барои пешрафту таваҳҳуми ин ки ҳамаи роҳҳои пешрафт аз Амрико мегузарад, гуфт: Касоне, ки чашмашон ба хориҷ аз марзҳост, қодир ба дидан ва шинохтани зарфиятҳои муҳими дарунӣ ва табъан қодир ба барномарезӣ барои истифода аз онҳо нестанд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломӣ ба тавфиқи илоҳӣ бе такя ба бегонагон ва бо вуҷуди озоррасонӣ ва чолишгарии онҳо масири пешрафтро тай кардааст, гуфт: Дар оянда низ ба ҳавлу қувваи илоҳӣ миллати Эрон иҷозат нахоҳад дод, ки сарнавишташро дигарон бинависанд.
Ишон бо ишора ба таваҳҳум ё таъбири бади бархе афрод аз «таъкид бар истифода аз зарфиятҳои дохилӣ» ба «ҳисоркашии атрофи кишвар ва қатъи иртибот бо дунё», гуфт: Мо аз аввал ба дунболи иртибот бо ҳамаи дунё ба ҷуз яке ду истисно будем ва иттифоқан дар давлатҳое монанди давлати шаҳид Раисӣ, ки ба шиддат ба мабонӣ пойбанд буданд, иртибототи байналмилалии кишвар ҳам тақвият шуд. Ҳамчунин чашм надухтан ба бегонагонро ба маънии шуҷоату истиқлоли миллӣ хонд ва гуфт: Бо вуҷуди ин ду муаллифа, миллати Эрон тавоноӣ ва шахсияту қудрати худро нишон медиҳад ва эҳтироми он дар дунё бештар хоҳад шуд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён ду тавсияи муҳим хитоб ба мардум ва номзадҳо баён кард. Ишон дар тавсияи аввал бо ишора ба шиори «Эрони қавӣ ва сарафроз», гуфт: Эрони қавӣ тарафдорони хеле зиёде дорад; албата қавӣ будани Эрон фақат ба доштани анвои мӯшак нест - ки мо анвоъ ва ақсоми муфиду корбурдии онро ҳам дорем - балки қавӣ будан, абъоди илмӣ, фаннӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳам дорад, ки яке аз абъоди бисёр муҳими он, ҳузур дар майдони сиёсат ва интихобот аст. Ҳамчунин таъкид кард: Бинобар ин ҳар кас алоқаманд ба Эрони қавист бояд дар интихобот ширкат кунад ва ҳар кас муътақид ба лузуми ҳимоят аз низоми Ҷумҳурӣ Исломӣ аст, бояд дар ин замина эҳтимоми бештар дошта бошад.
Ишон дар тавсияи баъдӣ хитоб ба номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ, аз онҳо хост бо Худованд аҳд кунанд, ки дар сурати касби масъулият, атрофиёну коргузорони худро аз касоне интихоб накунанд, ки заррае бо инқилоби исломӣ зовия доранд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид ба номзадҳо мабнӣ бар ин ки ҳар фарде, ки заррае бо инқилобу имому низоми исломӣ зовия дошта бошад ба дарди шумо намехӯрад ва ҳамкори хубе барои шумо нахоҳад буд, гуфт: Касе, ки дилбастаи Амрико бошад ва тасаввур кунад, бе лутфи Амрико намешавад қадам аз қадам бардошт ва ҳамчунин касе, ки ба роҳбурди дину шариат беэътиноӣ кунад, ҳамкору мудири хубӣ нест. Бинобар ин ҳамкороне интихоб кунед, ки аҳли дин, шариат, инқилоб ва эътиқоди комил ба низоми исломӣ бошанд.
Ишон афзуд: Агар бо нияти холису аҳд бо Худои Мутаол дар интихобот кор ва фаъолият кардед, ҳамаи корҳоятон назди Худованд ҳасана аст ва савоб хоҳад дошт.