Ба гузориши Дорулқуръони остони муқаддаси имом Ҳусайн (а), муованати Дорулқуръони остони муқаддаси имом Ҳусайн (а) маҳфили байналмилалии Қуръони вижаи навҷавонро дар чорчуби севумин ҷашнвораи солонаи ҳафтаи вилоят бо ҳузури қорёне аз Ироқ ва Эрон баргузор кард.
Каррор Ал-Шамрӣ, масъули ҳавзаи расонаии қуръонӣ дар Дорулқуръони остони муқаддаси имом Ҳусайн (а) дар гуфтугӯе перомуни ин мавзӯъ изҳор дошт: идораи Дорулқуръонулкарими остони муқаддаси имом Ҳусайн (а) маҳфили Қуръони байналмилалиро вижаи навҷавонон ва дар чорчуби фаолиятҳои севумин ҷашнвораи солонаи ҳафтаи вилоят бо ҳузури қориёне аз Ироқ ва Эрон ва бо ҳузури шайх доктор Хайруддин Алӣ Ал-Ҳодӣ, раиси Дорулқуръон баргузор кард.
Каррор Ал-Шамрӣ афзуд: қорӣ Юсуф Ёсин Маҳус, қорӣ Ҳусайнҷавод Ҷавҳар аз Ироқ ва қорӣ Сино Алифатҳӣ ва қорӣ Амирҳусайн Боқирӣ аз Эрон дар ин маҳфили қуръонӣ ширкат карданд.
Маҳфили қуръонии дигаре низ асри имрӯз чаҳоршанбе дар ҳарами мутаҳҳари имом Ҳусайн (а) баргузор хоҳад шуд.
https://iqna.ir/00HiiY