Теҳрон (ИКНА), бисту шашумин сураи Қуръон “Шуаро” ном дорад. Ин сура, ки аз сураҳои макӣ аст чиҳилу ҳафтумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст. Ин сура, ки 227 оят дорад дар ҷузъи 19 Қуръон ҷой гирифтааст.
Номгузории ин сура ба номи Шуаро ба далели сухан гуфтан аз шоирон дар оёти 224 то 227 он аст. Дар ин оёт сухан аз шоирони беҳудагӯй бетааҳҳуд ва беамал омада ва дар муқобил, аз шоирони муъмин ва ёдоварони Худо ситоиш мекунад. Аз ин манзар шеър абзоре барои ироаи мӯҳтаво ва ҷиҳат додан ба ҷомеа ва истифода аз он дар роҳи тааҳҳуд ва имон аст.
Аз дидгоҳи Аллома Таботабоӣ, ҳадафи аслии сура, дилдорӣ ба Паёмбар аст, ки дар баробари такзиби аксарияти қавмаш нисбат ба китоби осмонии (Қуръон) ва тӯҳматҳои мисли ҷунун ва шоирӣ андӯҳгин ва низ бо баёни достонҳои Паёмбарони пешин ва ёдоварии саранҷоми душманони онон, ба мункирони Паёмбар ҳушдор дода, ки аз сарнавишти онон ибрат бигиранд.
Сураи Шуаро ба мавзӯъи наҳзати Анбиё аз ҳазрати Нӯҳ(а) то ҳазрати Муҳаммад(с) ва ёдоварии саранҷоми душманони онон пардохта ва бештар рӯи усули эътиқодӣ, тавҳид, маод, даъвати Паёмбарон ва аҳамияти Қуръон таъкид мекунад. Ҳадафи аслии сураи Шуароро дилдорӣ ба Паёмбар дар баробари такзибҳо ва тӯҳматҳои қавмаш донистаанд.
Дар ин сура гуфтугӯи бархе Паёмбарон бо қавмашон ба унвони намуна зикр шудааст аз ҷумла гуфтугӯи Иброҳим бо Озар ва қавмаш, гуфтугӯи Нӯҳ бо қавм, гуфтугӯи Ҳуд бо қавмаш, гуфтугӯи Солеҳ бо қавми Самуд, гуфтугӯи Лут бо қавмаш, гуфтугӯи Шуайб бо асҳобаш. Нуктаи қобили таваҷҷуҳи ин гуфтугӯҳо ин аст, ки мардум бо суханони Паёмбаронашон бетаваҷҷуҳӣ карданд ва ҳар як ба шакле дучори азоби илоҳӣ шуданд.
Бо таваҷҷуҳ ба мафоҳиме, ки дар сураи Шуаро матраҳ шуда, метавон ин сураро ба се бахш тақсим кард:
Бахши аввал баёни азамати Қуръон ва дилдорӣ ба Паёмбар дар баробари пофишорӣ ва хирасарии мушрикон, ишора ба нишонаҳои тавҳид ва баёни сифоти Худо.
Бахши дувум бозгӯӣ фарозҳои аз саргузашт ва муборизоти Паёмбарон ва ишора ба истидлолҳои мункирон Паёмбарон ва шабоҳати он бо истидлолҳои мункирони Паёмбари Ислом ва дар ниҳоят баёни оқибати мункирони Паёмбарони гузашта.
Бахши севум низ натиҷагирии бахшҳои гузашта, тавсия ба Паёмбар дар бораи шеваи даъват ба Ислом ва бархурд бо муъминон, дилдорӣ ба Паёмбар ва бишорат ба муъминон.