IQNA

Сураҳои Қуръон / 29

Такя бар хонаи Анкабут; Ташбеҳи барои парастиши худоёни дурӯғин

20:36 - July 10, 2023
рақами хабар: 199
Паёмбарони бисёре кӯшиданд то беарзиш будани худоёни дурӯғин ва дастсохтаро намоён кунанд, аммо бо саркашии пайравони онҳо мувоҷеҳ шуданд. Сураи Анкабут бо ташбеҳи зебо, ин иқдоми гумроҳонро такя бар хонаи Анкабут муаррифӣ мекунад.

Теҳрон (ИКНА) бисту нӯҳумин сураи Қуръони Карим “Анкабут” ном дорад. Ин сура, ки 69 оят дорад, дар ҷузът бистум ва бисту якумт Қуръони Карим қарор гирифтааст. Анкабут аз сураҳои макӣ аст ва дар тартиби нузул ҳаштоду панҷумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Ин сура Анкабут ном дорад чаро, ки дар ояти 41 ба номи ин ҳашра ишора шудааст. Дар ин оят бутпарастии кофирон ба такя кардан ба хонаи сусти Анкабут ташбеҳ шудааст: مَثَلُ الَّذِينَ اتَّخَذُوا مِنْ دُونِ اللَّهِ أَوْلِيَاءَ كَمَثَلِ الْعَنْكَبُوتِ اتَّخَذَتْ بَيْتًا وَإِنَّ أَوْهَنَ الْبُيُوتِ لَبَيْتُ الْعَنْكَبُوتِ لَوْ كَانُوا يَعْلَمُونَ; “Достони касоне, ки ғайр аз Худо дӯстони ихтиёр кардаанд ҳамчун Анкабут аст, ки хонае барои хеш сохта ва дар ҳақиқат агар медонистанд сусттарин хона‏ҳо ҳамон хона анкабут аст”.

Дар тафсири ин оят омадааст, ки Худованд, бутҳоро, ки мавриди парастиши кофирон ҳастанд ба хонаи Анкабут ташбеҳ кардааст то ин мафҳумро бирасонад, ки ин бутҳо ҳеҷ суде барои пайравони худ надоранд ва наметавонанд инсонҳоро аз осебҳо ва сахтиҳо ҳифз кунанд.

Бахши оғозии ин сура, ки дар робита бо масъалаи имтиҳон ва вазъи мунофиқон аст. Ин ду масъала бо якдигар дар иртибот ҳастанд чаро, ки шинохти мунофиқон ҷуз дар имтиҳонот ва озмунҳои илоҳӣ мумкин нест.

Бахши дигар, барои дилдории Паёмбари Ислом (с) барои озор ва азияти мушрикин ва душманони Ислом буд. Барои ҳамин дар ин сура сарнавишти Паёмбарони бузурге ҳамчун Нӯҳ ва Иброҳим ва Лут ва Шайб омадааст, ки дар баробари зӯргуён истодагӣ карданд.

Бахши дигаре аз ин сура ба масъалаи тавҳид ва нишонаҳои Худо дар олами офариниш ва мубориза бо ширк сухан мегӯяд ва виҷдон ва фитрати инсонҳоро дар инҷо ба доварӣ металабад.

Ва бахш поёнӣ ба заъф ва нотавонии маъбудҳои сохтагӣ мепардозад. Онҳо ҳар чанд дар зоҳир сахт ва муқовим ҳастанд, аммо барои бароварда кардани хостаҳо ва ё муроқибат дар баробари сахтиҳо ва мушкилот нотавон ва оҷиз ҳастанд. Дар муқобил аз азамати Қуръон ва далоили ҳаққонияти Паёмбари Ислом (с) сухан мегӯяд.

captcha