Яке аз суннатҳои илоҳӣ, ки Қуръон низ бадон ишора дошта, иборат аст аз суннати имдод (ёрӣ расондан) ба муъминин ва кофирин ва изн додан дар расидан ба мақосиди ихтиёрии инсонҳо. Ба иборати дигар суннати имдоди илоҳӣ, суннате аст, ки шомили тамоми афроди инсонӣ аст, хоҳ аҳли имон бошанд ё аҳли куфр ва залолат. Суннати имдод шомили инсонҳо аз он ҷиҳат, ки инсон ҳастанд мешавад, на аз он ҷиҳат, ки ин инсон муртакиби рафтори хоссе шуда бошад. Аз масодиқи суннати имдоди Парвардигор, қарор додани инсон дар масири иршоди ҳодиён ва рушд ва такомул аст. Барҳамин асос агар инсон дар масири ҳидояти муршидон қарор гирифта, аз андеша ва тафаккур баҳра бурда ва ба роҳи саодат раҳнамун шавад, машмули суннати имдоди илоҳӣ шудааст. Суннати имдоди Худованд гоҳе низ ба сурати вижа шомили афроди муъмин ва парҳезгор мешавад. Дар воқеъ ин суннати вижа, мавриди истифодаи инсонҳое аст, ки каломи ҳаққро гардан ниҳода ва аз дастуроти шроеъи илоҳӣ ба таносуби замон ва макон баҳраманд шудаанд.
Дар оёти Қуръон суннати имдод шомили ду навъи ом ва хос аст. Имдоди ом шомили ҳоли ҳамаи афроди ҷомеъаи башарӣ ва имдоди хос, дар шароити мушаххасе танҳо шомили ҳоли муъминон мешавад. Имдодҳои ғайбӣ дар Қуръон ба имдодҳое итлоқ мешавад, ки дар ин бахш ҷой гирифта ва аз манбаъи ғайбӣ сарчашма мегиранд. Аз ҷумла имдодҳои хос ё имдодҳои ғайбӣ, ки Худованд дар Қуръон, онҳоро баён намудааст метавон ба мавориде ҳамчун оромиш додан ба муъминон дар ояти لَقَدْ رَضِيَ اللَّهُ عَنِ الْمُؤْمِنِينَ إِذْ يُبَايِعُونَكَ تَحْتَ الشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمْ فَأَنْزَلَ السَّكِينَةَ عَلَيْهِمْ وَأَثَابَهُمْ فَتْحًا قَرِيبًا "Худо аз муъминоне, ки зери дарахт (Маъҳуди Ҳудайбия) бо ту байъат карданд ба ҳақиқат хушнуд гашт ва аз вафо ва хулуси қалбии онҳо огоҳ буд, ки виқор ва итминони комил бар ишон нозил фармуд ва ба фатҳ наздик (, ки фатҳи Хайбар буд) подош дод." (Фатҳ/18), фурӯ фиристодани фариштагон дар ояти « ... وَأَنْزَلَ جُنُودًا لَمْ تَرَوْهَا وَعَذَّبَ الَّذِينَ كَفَرُوا وَذَلِكَ جَزَاءُ الْكَافِرِينَ؛ آن گاه خدا ...; "Он гоҳ Худо ... Лашкариёне, ки ононро намедидед [барои ёрии муъминон] фуруд овард, ва касонеро, ки куфр меварзиданд, ба азоби сахт муҷозот кард; Ва ин аст кайфари куфрпешагон» (Тавбаи/26), зиёд нишон додани муъминон дар ояти «قَدْ كَانَ لَكُمْ آيَةٌ فِي فِئَتَيْنِ الْتَقَتَا فِئَةٌ تُقَاتِلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَأُخْرَى كَافِرَةٌ يَرَوْنَهُمْ مِثْلَيْهِمْ رَأْيَ الْعَيْنِ...؛ "Нишона ва ояте (аз лутфи Худо) барои шумо дар ин буд, ки чун ду гурӯҳ бо якдигар рӯбарӯ шуданд (дар ҷанги Бадр) гурӯҳе дар роҳи Худо ҷиҳод мекарданд ва гурӯҳи дигар кофир буданд, ва гурӯҳи кофир муъминонро ду баробари худ ба чашм медиданд, » (Оли Имрон/13), кам нишон додани кофирон дар майдони мубориза وَإِذْ يُرِيكُمُوهُمْ إِذِ الْتَقَيْتُمْ فِي أَعْيُنِكُمْ قَلِيلًا وَيُقَلِّلُكُمْ فِي أَعْيُنِهِمْ لِيَقْضِيَ اللَّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ؛ "Ва (ёд ор) замоне, ки Худо душманонро ҳангоме, ки муқобилаи шадид дар чашми шумо кам намудор кард (то аз онҳо наяндешед) ва шуморо низ дар чашми душман кам намуд (то таҷҳизи комил накунанд) то Худованд онро, ки дар қазои ҳатмии худ муқаддар намуда (яъне ғалаба Ислом) иҷро фармояд, ва ба сӯи Ӯст бозгашти умур" (Анфол/44) ва эҷоди рӯъб дар дили душман سَنُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُوا الرُّعْبَ بِمَا أَشْرَكُوا بِاللَّهِ مَا لَمْ يُنَزِّلْ بِهِ سُلْطَانًا وَمَأْوَاهُمُ النَّارُ وَبِئْسَ مَثْوَى الظَّالِمِينَ "Ба зудӣ дар дили кофирон бим ва ҳарос афканем, зеро, ки онон барои Худо чизеро шарик қарор доданд, ки Худо аслан бар он далеле фурӯ нафарстодааст". Ва манзилгоҳи онон оташ аст ва сарои ситамкорон бад манзилгоҳе аст." (Оли Имрон/151) ишора намуд.