IQNA

 Гузориши ИКНА аз рӯзи нахусти мусобиқоти Қуръони Карбало;

Аз дурахшиши қориёни Эрон ва Афғонистон то эҳтимоми вижаи ҳофизон ба қавоиди таҷвид

21:22 - July 11, 2023
рақами хабар: 205
Ба гузориши хабарнигори эъзомии хабаргузории "ИКНА" ба Карбалои Муалло; дар нахустин рӯзи дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Карбало дар ҳоле 23 қорӣ ва ҳофиз ба рақобат пардохтанд, ки қориёни Эрон, Афғонистон ва Лубнон бо иҷрои хуби худ мавриди таҳсини ҳуззор воқеъ шуданд ва ҳофизон низ аз назари ҳусни ҳифз ва риояти нукоти таҷвид дар сатҳи матлубе буданд.

Нахустин рӯзи дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Карбало асри рӯзи душанбе, бо тиловати ифтихории устод Ҳони Ал-Мусавӣ, аз қориёни барҷастаи кишвари Ироқ ва ходими сақалайн оғоз шуд, ки тиловати худро ба сабки ироқӣ, ки сабки ҳузнангез аст, ироа дод.

Фаъолитҳои рӯзи нахусти мусобиқот дар ҳоле дар саҳни ҳарами мутаҳҳари Ҳусайнӣ баргузор шуд, ки шоҳиди истиқболи ҷамъи зиёде аз зоирони ҳарами имом Ҳусайн(а) буд.

Баргузории ин рақобатҳо дар ин макони нуронӣ ва муқаддас ибтикори бисёр арзишманд ва маънавӣ аст, аммо фақат масъала ин аст, ки сарусадои зиёди солун боис мешавад, ки арзёбии иҷрои қориён ва ҳофизон дар бархе мавоқеъ барои доварон бо мушкил мувоҷеҳ шавад.

Нахустин қорие, ки тавонист бо иҷрои хуб ва пуршӯри худ солуни мусобиқотро ба ваҷҳ биёварад ва шонси ҳузур дар марҳалаи финалро дошта бошад, "Шайх Муҳаммад Набил Амҳаз" аз зиёратгоҳи "Амакзодаи духтари Имом Ҳусайн (а)" буд, ки оёти 101 то 103 сураи Юнусро қироат кард, ки иҷрои вай бисёр таҳсинбрангез буд.

Майсам Ҳамидӣ, аз қориёни масҷиди муқаддаси Ҷамкрон ба унвони нахустин қории Ҷумҳурии Исломии Ирон бар рӯи сакуи мусобиқот қарор гирифт, ки оёти 36 то 40 сураи Анъомро ба ривояти Ҳафс аз Осим қироат кард, ки тиловати бисёр зебо, бидуни иштибоҳ ва таҳсинбарангезе ироа дод.

"Увайс Аҳмадиён", қории Мазори Шариф охирин ширкаткунандаи шаби нахусти мусобиқот буд, ки ояти 22 то 25 сураи Зумарро тиловат кард ва иҷрои бисёр қавӣ ва устуворе дошт ва саҳни ҳарами мутаҳҳари Ҳусайниро таҳти таъсир қарор дод.

Фалоҳ Қасмоӣ, довари бахши дувумин давраи мусобиқоти Қуръони ҷоизаи Карбало дар гуфтугӯ бо ИКНА дар бораи иҷрои рӯзи нахустини мусобиқот гуфт: иҷроҳои мутасобиқин дар рӯзи нахусти мусобиқот дар маҷмӯъ хуб ва қобили қабул буд, агарчи намояндагони бархе кишварҳои ҳозир каме заиф ҳастанд. 

Фалоҳ Қасмоӣ изҳор кард: Майсами Ҳамидӣ, қории эронӣ тиловати бисёр хубе ироа дод ва умедворам дар листи афроде бошад, ки ба марҳалаи ниҳоӣ мусобиқот роҳпайдо кунад ва қории кишвари Афғонистон низ иҷрои хубе дошт.

Ёдовар мешавад, оини ифтитоҳияи дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Карбало асри якшанбе, дар саҳни ҳарами мутаҳҳари имом Ҳусайн(а) дар Карбало оғоз шуд ва то рӯзи панҷшанбе идома дорад.

https://iqna.ir/fa/news/4154182

captcha