IQNA

Сураҳои Қуръон / 31

Насиҳатҳои падарона аз забони Луқмони Ҳаким

21:58 - July 11, 2023
рақами хабар: 207
Луқмон яке аз шахсиятҳои машҳури марбут ба давраи Довуди набӣ аст, ки ҳакими ахлоқмадор будааст ва бархе нақлҳои таърихӣ ҷойгоҳи Паёмбарии ӯро таъйид мекунад. Чунин шахсияте дар ҷойгоҳи як падари хайрхоҳ насиҳатҳои шуниднӣ хитоб ба фарзандаш баён мекунад, ки дар сураи Луқмон баён шудааст.

Теҳрон (ИКНА) сиву якумин сураи Қуръони Карим луқмон ном дорад. Ин сура бо 34 оят дар ҷузъи 21 қарор дорад. Сураи Луқмон макӣ аст ва панҷоҳ ва ҳафтумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Ин сураро ба он ҷиҳат Луқмон мегӯянд, ки номи Луқмон ду бор дар ин сура омадааст ва танҳо сурае аст, ки аз ин ҳакими илоҳӣ сухан гуфтааст. Луқмон яке аз ҳакимоне буд, ки дар давраи ҳазрати Довуди Набӣ(а) зиндагӣ мекардааст. Дар мавриди маҳали таваллуд ва тӯли умраш ихтилоф вуҷуд дорад бо ин ҳол тафаккури амиқ, имон ва яқини олӣ, сукут, амонатдорӣ, ростгӯӣ ва ҳалли ихтилофоти мардум аз вижагиҳои Луқмон ном бурда шудааст.

Дар ин сура Луқмон ба унвони падари хайрхоҳ фарзанди худро насиҳат мекунад. Насиҳатҳои Луқмон ба фарзандаш дар мавриди тавҳидгароӣ ва адами ширк ба Худо, эҳтиром ба падар ва модар ва итоат аз он ду, иқомаи намоз, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, сабр, тавозӯъ, адами такаббур ва гуфтори нарм ва ором аст.

Ҳамчунин ин сура инсонҳоро ба таври куллӣ ба ду даста тақсим мекунад; Як гурӯҳ, некӯкорон ва солеҳон ва гурӯҳи дувум, гумроҳон ва мустакбирон. Сипас қисматҳое аз аъмол, сифот ва нишонаҳои ононро тавзеҳ медиҳад ва оқибати кори ҳарду гурӯҳро дар дунё ва охират нишон медиҳад.

Дар қисмати дигар аз оёти ин сура, ба ин нукта ишора шуда, ки замин ва осмонҳо бидуни такягоҳ ва бидуни сутун ва бо пояҳои номарӣ дар миёни фазо муаллақ ҳастанд.

Ҳамчунин дар ин сура ба нишонаҳои тавҳид, худошиносӣ, қудрат ва азамат ва бузургии Худованди Мутаол, далоил ва бурҳонҳои вуҷуди Худованд пардохтааст.

Дар бахши дигар аз ин сура Худованди Мутаол бархе аз саҳнаҳо, амвол ва авзои таассур барангези рӯзи қиёматро баён мекунад, ки инсон дар ин дунёи фонӣ ва зудгузар аз он саҳнаҳо ва авзоъ ғофил аст.

Дар қисмати поёнии сура низ, ба панҷ мавзӯъ ишора дорад, ки фақати Худованд аз он иттилоъ дорад; Мавзӯъҳои панҷгона иборат аст аз: замон барпоӣ рӯзи қиёмат, нузули борон ва теъдоди қатарот ва осор ва хусусиёти он, ончи дар раҳими модарон қарор дорад; Сарнавиште, ки дар интизори инсон аст; Инсон дар куҷо ва чигуна хоҳад мурд.

captcha