IQNA

Довари бахши савт дар мусобиқоти Қуръони ҷоизаи Карбало:

Мусобиқоти Карбало шоҳиди рақобати нухбагони қуръонӣ дар сатҳи боло аст

16:41 - July 12, 2023
рақами хабар: 211
Абдулкабир Ҳайдарӣ, довари Афғонистонии бахши савт дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони ҷоизаи Карбало, бо ишора ба вижагиҳои мутамоизи ин давра аз мусобиқот, сатҳи онро боло ва аз ҳузури нухбагони қуръонӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ин давра аз мусобиқот хабар дод.

Абдулкабир Ҳайдарӣ, довари бахши савт аз кишвари Афғонистон дар дувумин давраи мусобиқоти Қуръони ҷоизаи Қуръони Карбало дар гуфтугӯ бо хабарнигори эъзомии (ИКНА) ба Ироқ, дар мавриди арзёбии нуқоти қувват ва заъфи мутасобқин аз назари савт дар ин давраи рақобатҳо тасреҳ кард: ҳар мутасобқе истеъдоди хосси худро дорад ва дар ҳар мусобиқа, ки вай ҳузур пайдо мекунад адои мутафовите хоҳад дошт, илова бар ин ҳам ҳар довар бо таваҷҷуҳ ба фаҳм ва заъми худ ба вай нумра медиҳад, аммо дар мавриди сатҳи ин мусобиқот бояд бигӯям, аз ҷумла вижагиҳои он, ҳузури нухбагони Қуръонӣ дар ин рақобатҳо аст ва мутасобиқони ин давра ҳирфаӣ буда ва ҳаркадом аз ин қориён чеҳраҳои матраҳ дар кишвари худ ҳастанд. Масалан ширкаткунандаи Афғонистон дар ин мусобиқот ду сол қабл дар мусобиқоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат дошта ва мақоми севумро касб карда буд ва имрӯз дар ҷамъи ширкаткунандагон аст.

Вай афзуд: ба таври куллӣ метавон гуфт, ки ширкаткунандагон токунун аз сатҳи бисёр муносибе дар савт ба вижа дар бахши қироат ва таҷвид бархурдор будаанд. Агарчи табиӣ аст, ки дар бахши ҳифз дар заминаи савт нақоисе вуҷуд дошта бошад, аммо дар бахши қироат ва таҷвид сатҳи ширкаткунандагон бисёр боло аст. 

Ҳайдарӣ, дар бораи баргузории ин рақобатҳо бо ҳузури намояндагони қуръонии устонҳои муқаддас аз кишварҳои мухталиф гуфт: бояд тасреҳ кунам, ки устонҳо, мазорҳо ва маконҳои мутабаррика ба як фирқа ва мазҳаби хоссе тааллуқ надоранд

captcha