IQNA

Ахлоқи фардӣ / Офоти забон 3

Офати забонӣ шамотат дар ахлоқи исломӣ

16:19 - September 17, 2024
рақами хабар: 2120
ИКНА - Вақте шахсе дарёбд, ки бар бародари диниаш мусибат ворид шудааст агар изҳори хушҳолӣ ва сурвур карда ба саркӯфти бало дида бипардозад гирифтори бемории шамотат шудааст.

Яке аз муҳимтарин офатҳои забон, шамотат аст. Шамотат назди донишмандони ахлоқӣ изҳори шодмонӣ аз мусибати дигарон аст. Вақте шахсе дарёбад, ки бар бародари диниаш мусибате ворид шудааст агар изҳори хушҳолӣ ва сурур карда ба саркӯфти бало дида бипардозад гирифтори бемории шамотат шудааст; Албатта саркӯфт ва сарзаниш дар баробари рафторе аст, ки аз шахси бало дида сарзадааст ба ин маъно, ки шамотаткунанда бо изҳори сурур аз балое, ки бар сари дигарт омада мусибатро натиҷаи он рафтор медонад ва чӣ басо дар саркӯфт ба баёни он низ бипардозад.

Шамотат худро ба ду навъ нишон медиҳад. Гоҳ шамотат дарунӣ аст ва гоҳ берунӣ ё феълӣ аст. Шамотати дарунӣ замоне рух медиҳад, ки инсон аз мусибати дигарон дар даруни хеш масрур шавад вале шодиашро ошкор накунад. Шамотат феъли (берунӣ) аммо замоне рух медиҳад, ки фард аз балои расида ба дигарон хушҳол шавад ва ин балоро бо ҳолати сарзаниш ҷазои рафторе, ки аз фарди мусибат дида сарзада муаррифӣ кунад.

Шамонтро аз ҷиҳати рафтори фарди бало дида низ митавон ба ду қисам тақсим кард, шамотат гоҳ дар баробари рафтори писандидааст ва гоҳ дар баробари рафтори нописанд. Ба иборати равшантар гоҳ рафтори шахсии мусибат зада зишт нест ва фақат ба назари шамотат кунанда нодуруст меояд ва бо аҳдофи ӯ созгорӣ надорад; шод шудан аз мусибате, ки барои дигарӣ пеш омада аз ҳолатҳое аст, ки ақл ва шаръ онро накӯҳидаанд. Ақл ва фитрати башар ба ҳукми табиати иҷтимоии ӯ, унс ва мудоро бо афродро меписандад ва улфат ва унс бо ҳамдардӣ созгор аст ва сад албатта, ки ҳамдардӣ бо дигарон бо шодӣ ва сурур аз мусибати ишон сари носозгорӣ дорад; Аз ин рӯ фитрати поки инсон шодӣ ва хушҳолӣ аз бало ва ғами дигаронро намеписандад, балки онро сарзаниш мекунад. Пешвоёни маъсум (а) ин рафторро дар иборатҳои бисёре накӯҳида ва аз он наҳйи фармудаанд. Паёмбари Акрам (с) мефармояд: бародари хешро шамотат накун; Чаро, ки Худованд ба ӯ раҳм мекунад ва туро мубтало месозад.

Шамонт аз афсор гусехтагии неруи ғазаб падид меояд. Онгоҳ, ки неруи дарунии ғазаб аз сарпарастии ақл хориҷ шавад разоиле ба бор меовард, ки бархе аз онҳо мумкин аст омили рафтор нописанди шамотат шавад. Ин авомил иборатанд аз душманӣ, хашм ва асабоният ва ҳасад. Бархе аз паёмадҳои саркӯфт задан ба дигаронро низ метавон ибтилои фарди шамотат кӯнда ба мусибат дар дунё ва гирифторӣ ба азоб дар охират баён кард.

Барои дармони ин бемории ахлоқии фард бояд ба осор ва авоқиби он андешид огоҳӣ аз ин, ки фарди шамотат кунанда ба ҳамон мусибате мубтало хоҳад шуд, ки дигареро барои он сарзаниш мекрдааст тарсро дар рӯҳи ӯ падид хоҳад овард ва бо ёдоварии мукаррари ин паёмад, дигар ба шамотати дигарон нахоҳад пардохт. Андеша дар ин, ки ҳар балое бар сари аҳли имон биёяд мумкин аст каффораи гуноҳ ё омили ба камол расидани онон дар охират шавад ӯро аз сарзаниши ишон боз медорад.

https://iqna.ir/en/news/3489910

captcha