Ба гузориши хабарнигори эъзомии (ИКНА) ба Карбалои Муалло, дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷоизаи Карбало вижаи намояндагони Остонҳои Муқаддас, зиёратгоҳҳо ва маконҳои мутабаррика, ки аз рӯзи якшанбе, 9 июл, дар саҳни ҳарами мутаҳҳари имом Ҳусайн(а) дар Карбало оғоз шуда буд дирӯз панҷшанбе, бо муаррифии нафароти бартар ба кори худ поён дод.
Бар асоси раъйи ҳайати доварон, дар бахши қироати Қуръони Карим, Сайид Абдуллоҳ Зуҳайри Ҳусайнӣ аз Остони Муқаддаси Ҳусайнӣ рутбаи нахуст, Маҳдии Тақипур аз Остони Ҳазрати Маъсума(р) рутбаи дувум, Сайид Мустафо Ҳусайнӣ аз Остони Сайидҳусайн ибни Алӣ ибни Мӯсарризо(а) дар Қазвин, рутбаи севум, Шайх Майсам Ҳамидӣ, қории Масҷиди Ҷамкарон рутбаи чаҳорум, Увайси Аҳмадиён аз мазори Шарифи Афғонистон, рутбаи панҷумро касб карданд.
Ҳамчунин дар бахши ҳифзи Қуръони Карим, Муҳаммади Хокпур аз Остони Қудси Разавӣ рутбаи аввал, Аҳмади Мӯътамидӣ, аз Масҷиди Ҷамкрон рутбаи дувум, Муҳаммад Ризо Аҳмадӣ аз Остони Муқаддаси ҳазрати Маъсума(р) рутбаи севум, Маҳдии Музаффарӣ аз Мазори Шарифи Афғонистон, рутбаи чаҳорум ва Алӣ Асғар Шаҳид ал-Мансурӣ, аз Остони Муқаддаси Алавӣ, рутбаи панҷумро касб карданд.