Теҳрон (ИКНА), сивумин сураи Қуръони Карим Аҳзоб ном дорад. Ин сура бо 73 оят дар ҷузъҳои 21 ва 22 қарор дорад. Сураи Аҳзоб, ки ҷузъи сураҳои маданӣ аст, дар тартиби нузул, навадумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Номгузории ин сура ба Аҳзоб аз он рӯ аст, ки оёти 9 ва 25 ин сура, дар бораи ҷанги Аҳзоб аст ва калимаи “Аҳзоб” дар оятҳои 20 ва 22 омада ва мақсуд аз он, гурӯҳҳои кофире аст, ки бо қабоили муҳим барои аз байн бурдани Ислом ва Паёмбари Ислом(с) муттаҳид шуда ва ҷанги Аҳзобро оғоз карданд.
Ҳаводиси матраҳ шуда дар ин сура байни соли дувум ва панҷуми ҳиҷрат рӯй додааст, ки ба сабаби навпо будани ҳукумати исломӣ дар Мадина, мусулмонон даврони сахте доштанд ва мушрикон, яҳудиён ва мунофиқон ба онон осеб мерасонданд. Дар ин миён Паёмбари Ислом(с) аз як су барои тасбити қавонини иҷтимоӣ ва мубориза бо русуми ҷоҳилӣ ва аз сӯи дигар дар баробари талоши муштараки мушрикон, яҳудиён ва мунофиқон алайҳи ҳукумати исломӣ истодагӣ мекарданд.
Дар ин сура ҳамчунин дар мавриди Паёмбар ва кайфияти таомул бо он ҳазрат матолибе матраҳ шуда ва ҷойгоҳи ҳамсарони Паёмбарро баён мекунад ва дар мавриди интизороте, ки аз онон меравад, сухан мегӯяд; Монанди тарки дунёталабӣ, пешӣ гирифтан аз дигарон дар амал ба овомири илоҳӣ ва парҳез аз гуноҳ ва хориҷ нашудан аз хона; Ва низ ҳурмати издивоҷ бо ҳамсарони Паёмбарро эълом мекунад.
Аз дигар нукоте, ки дар ин сура зикр шуда, тасовии мардон ва занон дар касби фазоил ва бартариҳои маънавӣ аст. Дар ояти 35 сураи Аҳзоб омадааст: إِنَّ الْمُسْلِمِينَ وَالْمُسْلِمَاتِ وَالْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَالْقَانِتِينَ وَالْقَانِتَاتِ وَالصَّادِقِينَ وَالصَّادِقَاتِ وَالصَّابِرِينَ وَالصَّابِرَاتِ وَالْخَاشِعِينَ وَالْخَاشِعَاتِ وَالْمُتَصَدِّقِينَ وَالْمُتَصَدِّقَاتِ وَالصَّائِمِينَ وَالصَّائِمَاتِ وَالْحَافِظِينَ فُرُوجَهُمْ وَالْحَافِظَاتِ وَالذَّاكِرِينَ اللَّهَ كَثِيرًا وَالذَّاكِرَاتِ أَعَدَّ اللَّهُ لَهُمْ مَغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا: “Мусалламан Худо барои мардон ва занони мусулмон ва мардон ва занони бо имон, ва мардон ва занони ибодатпеша, ва мардон ва занони ростгӯ ва мардон ва занони шакебо, ва мардон ва занони фурӯтан, ва мардон ва занони садақа диҳанда, ва мардон ва занони рӯзадор, ва мардон ва занони ҳифз кунандаи худ аз палидиҳои ҷинсӣ, ва мардон ва заноне, ки бисёр ёди Худо мекунанд, омӯрзиш ва подоши бузурге омода кардааст”.
Ин оят, 10 камол барои умуми занон ва мардон бар шумурдааст; Баъзе аз ин бартариҳо эътиқодӣ аст ва баъзе амалӣ ва ахлоқӣ; Баъзе воҷиб аст ва баъзе мустаҳаб ва ин нишон медиҳад, ки занон ва мардон дар ҳамаи ин фазоил дар канори якдигар ҳастанд. Ин оят намунае аз нигоҳи яксон ва мусовии Ислом ба мавзӯъи занон ва мардон аст.