IQNA

Сураҳои Қуръон / 37

 Сураи “Соффот” саф кашӣ дар баробари инкоркунандагони тавҳид

21:24 - July 19, 2023
рақами хабар: 243
Теҳрон (ИКНА) гурӯҳҳои мухталифе ҳастанд, ки Худоро ва ё якто будани Худовандро инкор карда ва мекунанд; Дар тӯли таърих Худованд баъзе аз онҳоро муҷозот кардааст, аммо бархе аз онҳоро фурсат дода бо инҳол сарнавишт ва оқибате, ки дар интизори онҳостро ташреҳ карда то худ барои идомаи роҳе, ки дар пеш гирифтаанд, тасмимгиранда бошанд.

Сиву ҳафтумин сураи Қуръони Карим “Соффот” ном дорад. Ин сура бо 182 оят дар ҷузъи 23 қарор дорад. Соффот, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, панҷоҳу шашумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Соффот ба маънои афроде аст, ки дар саф ҳастанд. Гуфта шуда манзур аз он, фариштгони дар саф ё мӯъминони намозгузор ҳастанд. Сураи Соффот ба сабаби вуҷуди вожаи “Соффот” дар ояти нахусти он чунин номгузорӣ шудааст.

Мавзӯъи куллии сура, баёни тавҳид ва радди ақоиди мушрикон дар мавриди Худованд аст. Дар ин сура далоиле бар масъалаи тавҳид омада; Сипас мухолифони тавҳид таҳдид шуда ва мӯъмининро бишорат медиҳад; Саранҷом оқибати ҳар як аз ду гурӯҳ баён мешавад.

Ҳамчунин дар бахше аз ин сура ба таърихи бархе Анбиёи Илоҳӣ монанди Нӯҳ ва Иброҳим ва Исҳоқ ва Мӯсо ва Ҳорун ва Илёс ва Лут ва Юнусро ба сурати фишурда ва дар айниҳол бисёр муассир бозгӯ мекунад, аммо дар ин миён баҳс дар бораи Иброҳими набӣ ва қисматҳои мухталифи зиндагии ӯ муфассалтар омадааст; Аз ҷумла маъмуршудани ҳазрати Иброҳим(а) ба қурбонӣ кардани фарзандаш; Ҳар чанд ин достон ба сурати комил баён нашудааст бо инҳол Худованд онро имтиҳони ошкор барои Паёмбари худ унвон мекунад.

Мавзӯъи дигаре, ки дар ин сура ишора шуда, “Оли Ёсин” аст; Дар навъи хондани ин оят ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бархе онро “Оли Ёсин” хонда ва муродашон Аҳли байти Паёмбар(с) аст. Дар ин сурат “Ёсин” ба унвони лақаби Паёмбари Ислом(с) ёд шудааст. Аммо бархе дигар онро “Илёсин” ё “Ил-Ёсин” хондаанд, ки мурод аз он, ҳазрати Илёс хоҳад буд.

captcha