Сиву ҳаштумин сураи Қуръони Карим, “Сод” ном дорад. Ин сура бо 88 оят дар ҷузъи 23 қарор гирифтааст. Сураи “Сод”, ки сурае макӣ аст дар тартиби нузул, сиву ҳаштумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шуд.
Номгузории ин сура ба номи “Сод” ба далели вуҷуди ҳарфи муқаттиаи “Сод” дар ибтидои он аст. Ин сура дар бораи даъват ба тавҳид ва ихлос тавассути Паёмбари Ислом(с), лиҷоҷати мушрикон, достонҳои бархе аз Паёмбарон ва васфи ҳоли ду гурӯҳи парҳезкорон ва бадкорон дар қиёмат аст. Гуфтугӯи Худованд бо Иблис ва тард ва лаъни Иблис низ дар ин сура омадааст.
Мавзӯъи аслии ин сура дар бораи Паёмбари Ислом(с) ва даъват ба тавҳид ва ихлос бо китобе аст, ки Худованд бар ӯ нозил кардааст.
Ин сура бо мавзӯъи тавҳид ва нуббуввати Паёмбари Ислом(с) ва лиҷоҷати мушрикон дар баробари ӯ оғоз мешавад ва дар идома ба аҳамият ва зарурати тадаббур дар Қуръон ва баёни баъзе аз изҳороти мушрикон дар бораи Қуръон мепардозад. Ба достон ва саргузашти 9 нафар аз Паёмбарони Худо ба вижа Довуд(а), Сулаймон(а) ва Аюб(а) ишора мекунад ва ба васфи ҳоли ду гурӯҳи парҳезкорон ва бадкорон ва сарнавишти куффор дар қиёмат ва ҷанг ва ситези дӯзахиён бо якдигар мепардозад.
Ҳамчунин аз Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб, Исмоил, Алясаъ ва Зулкифл низ ба унвони Паёмбарон ва бандагони хосси Худо дар ин сура ёд шудааст.
Дар поён низ ба мавзӯъи офариниши инсон ва мақоми волои ӯ ва саҷда кардани фариштагон бар Одам ба дастури Худованд ишора кардааст. Дар идома низ ба сарпечии шайтон аз саҷда бар Одам мепардозад. Шайтон далели саҷда накарднро бартарии хилқати худ, ки аз оташ астро бар хилқати Одам, ки аз гилу лой аст, далели ин кор унвон мекунад ва савганд мехӯрд, ки инсонҳоро то рӯзи қиёмат фиреб диҳад.