Ба гузориши (ИКНА) Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҷасорат ба соҳати муқаддаси Қуръони Маҷидро ҳодисаи талх ва тавтеаомез ва хатарофарин хонданду таъкид карданд: Ашади муҷозот барои омилони ин ҷиноят мавриди иттифоқи ҳамаи уламои ислом аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар пайи ҷасорат ба соҳати Қуръони Карим дар Шветсия дар паёми афзуданд: Давлати Шветсия бояд омили ҷиноятро ба дастгоҳи қазоӣ кишварҳои исломӣ таҳвил диҳад.
Дар матни паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омада аст:
بسم الله الرحمن الرحیم
Ҷасорат ба соҳати муқаддаси Қуръони Маҷид дар Шветсия, ҳодисаи талх ва тавтеаомез ва хатарофрин аст. Ашадди муҷозот барои омили ин ҷиноят мавриди иттифоқи ҳамаи уламои Ислом аст, давлати Шветсия низ бояд бидонад, ки бо пуштибонӣ аз ҷинояткор, дар баробари дунёи Ислом ороиши ҷангӣ гирифта ва нафрат ва душмании умуми миллатҳои мусулмон ва бисёре аз давлатҳои ононро ба сӯи худ ҷалб кардааст.
Вазифаи он давлат ин аст, ки омили ҷиноятро ба дастгоҳҳои қазоӣ кишварҳои исломӣ таҳвил диҳад. Тавтеагарони пушти саҳна низ бидонанд, ки ҳурмат ва шавкати Қуръони Карим рӯз ба рӯз афзӯнтар ва анвори ҳидояти он дурахшонтар хоҳад шуд, амсоли ин тавтеа ва омилон он, ҳақиртар аз онанд, ки битавонанд ҷилавгирии ин дурахшиши рӯзафзун бошанд. والله غالبٌ علی اَمرِه
https://iqna.ir/00HRRY