Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин нишаст имрӯз, ба раёсати Усома Ал-Азҳарӣ, вазири авқофи Миср дар масҷиди Миср дар пойтахти идории ҷадиди ин кишвар баргузор хоҳад шуд.
Дар ин нишаст ҷузъиёти ҷадиди сию якмин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср, теъдоди ширкаткунандагон, фаъолиятҳои ҷонибии мусобиқот барои хизмат ба Қуръон ва наҳваи пӯшиши расонаии ин рӯйдоди бузурги қуръонӣ табйин мешавад.
Бар асоси эъломи вазорати авқофи Миср, ин мусобиқа дар чорчуби нақши авқофи Миср дар ростои хизмат ба Қуръони Карим баргузор мешавад ва ҷавоизи мусобиқа 10 милюн павнд эълом шудааст.
Ин вазоратхона бо таъкид бар иҳтимоми вижаи ин вазоратхона ба Қуръон ва баргузарии мусобиқоти қуръонӣ эълом кард ин мусобиқа бо ҳадафи такрими ҳофизони Қуръон ва тақвияти нақши онон дар нашри арзишҳои волои қуръонӣ дар ҷаҳон баргузор мешава.
Вазорати авқофи Миср ҳамчунин таъкид кард: ин мусобиқа минбари шохис барои гирдиҳамоии ширкаткунандагон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, намоиши истеъдодҳои қуръонии онон ва тақдир аз талошҳояшон аст.