IQNA

Шанбеи оянда;

Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср бо мушорикати 60 кишвар баргузор мешавад

17:21 - December 02, 2024
рақами хабар: 2507
ИКНА - Сию якумин мусобиқоти байналмилалии Қуръони Миср шанбеи ҳафтаи оянда, 7 декабри 2024 бо мушорикати намояндагони 60 кишвар баргузор мешавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Усома Ал-Ҷундӣ, аз уламои вазорати авқофи Миср изҳор кард: Миср ҳафтаи оянда аз 7 то 10 декабри 2024 шоҳиди рӯйдоди ҷаҳонии муҳимме дар заминаи Қуръони Карим хоҳад буд ки ҳамон мусобиқоти байналмилалии Қуръони вазорат Авқоф аст.

Вай ки дируз, дар гуфтугӯ бо барномаи «Бо мардум»-и шабакаи моҳвораии «Ан-Нос»-и Миср сухан мегуфт, афзуд: мусобиқоти имсол бо мушорикати беш аз 60 кишвар аз қорраҳои мухталифи ҷаҳон баргузор хоҳад шуд ва токунун 141 нафар пас аз арзёбии муқаддамотӣ аз тариқи интернет барои ширкат дар мусобиқоти Қуръони Миср интихоб шудаанд.

Усома Ал-Ҷундӣ, тасреҳ кард: имсол бештарини мизони ҷавоизи нақдӣ ба арзиши 11 милюн павнди мисрӣ ба ин рақобатҳо ихтисос дода шуда аст, ки бартаринҳои риштаҳои мухталифи мусобиқот ин ҷавоизро дарёфт хоҳанд кард.

Вай идома дод: ин рақобатҳо риштаи ҷадиде хоҳад дошт, ки риштаи «тарҷумаҳои Қуръон» аст ва ба ширкаткунандагоне ки забони арабӣ ва дигар забонҳоро медонанд фурсат хоҳад дод дар тиловати Қуръон ва тарҷумаҳои он, худро нишон диҳанд.

Ин олими мисрӣ таъкид кард: ин рақобати баёнгари талоши вазорати Авқофи Миср дар ростои нашри Қуръон дар ҷаҳон ва ҳимоят аз ҷойгоҳи Қуръони Миср дар ин арса аст ва талошҳои мудовими давлати Миср бо назорати вазорати Авқоф барои нашри Қуръон дар ҳамаи бахшҳои ҷаҳонро нишон медиҳад.

https://iqna.ir/fa/news/4251727

captcha