Сиву нӯҳумин сураи Қуръони Карим “Зумар” ном дорад. Ин сура бо 75 оят дар ҷузъҳои 23 ва 24 ҷой гирифтааст. Сураи Зумар, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, панҷоҳу нӯҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.
“Зумар” ба маънои гурӯҳҳо ва дастаҳо аст. Ин вожа дар оёти 71 ва 73 ин сура омада, ки ба мавзӯъи вуруди гурӯҳи биҳиштиён ба биҳишт ва рондани гурӯҳи дӯзахён ба ҷаҳаннам ишора мекунад. Дар ин сура вижагиҳо ва ҳолоти биҳиштиён ва ҷаҳаннамиён тавсиф шудааст.
Мӯҳтавои аслии сураи Зумар даъват ба тавҳид ва ихлос (холис будан) дар ибодат донистаанд. Ин сура бо баёни осори тавҳид шурӯъ мешавад ва аз Паёмбар(с) мехоҳад, ки дини худро холис карда ва эътинои ба худоёни мушрикон накунад ва ба онон эълом кунад, ки маъмур ба тавҳид ва ихлос дар дин аст.
Сураи Зумар аз чанд бахши муҳим ташкил ёфтааст. Ончи беш аз ҳама дар ин сура мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, масъалаи даъват ба тавҳид холис мебошад. Ҳамчунин бар рӯи масъалаи ихлос дар ибодат ва бандагии Худо борҳо таъкид шудааст.
Дар ин сура ин нукта, ки инсон маъмулан дар мавоқеъи ниёз, изтирор ва дармондагӣ ба Худо рӯй меоварад, аммо баъд аз кушоиш ва роҳатӣ дучори ғафлат мешавад, мавриди накӯҳиш қарор мегирад ва бар ҳамин асос таъкид бар ибодат ва бандагии холис шудааст.
Масъалаи муҳимми дигаре, ки дар ин сура таъкид шуда, маод ва додгоҳи бузурги адолати Худо, тарс аз рӯзи қиёмат ва ошкор шудани натоиҷи аъмол ва баёни вижагиҳои ҷаҳаннамиён ва биҳиштиён аст.
Яке аз мавзӯъоти қобили таваҷҷуҳи сураи Зумар, дар ояти шашуми ин сура қарор гирифтааст. Дар ин оят омадааст: خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ ثُمَّ جَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَأَنْزَلَ لَكُمْ مِنَ الْأَنْعَامِ ثَمَانِيَةَ أَزْوَاجٍ يَخْلُقُكُمْ فِي بُطُونِ أُمَّهَاتِكُمْ خَلْقًا مِنْ بَعْدِ خَلْقٍ فِي ظُلُمَاتٍ ثَلَاثٍ ذَلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ فَأَنَّى تُصْرَفُونَ: “Шуморо аз нафси воҳид офарид сипас ҷуфташро аз он қарор дод ва барои шумо аз домҳо ҳашт навъ падид овард. Шуморо дар шикамҳои модаронатон офариниши пас аз офариниши [дигар] дар торикиҳои се гонаи [пустаи шикам ва раҳм ва шикам] халқ кард. Ин аст Худо Парвардигори шумо фармонравоӣ [ва ҳукумати мутлақ] аз они Ӯст, Худое ҷуз Ӯ нест пас чигуна [ва куҷо аз ҳақ] баргардонида мешавед”.
Тибқи назари муфассирон, дар ин оят манзур аз торикиҳои се гона торики шикам, раҳм ва машима яъне (кисаи оби махсусе, ки ҷинин дар он қарор гирифта) аст. Аммо бархе аз муфассирин манзур аз торикии се гонаро машима (кисаи оби махсус) донистаанд, ки ҷинин дар он қарор дорад ва он киса се пардаи захим дорад, ки бар рӯи ҷинин кашида шудааст. Аз ин оят ба унвони яке аз мӯъҷизоти илмии Қуръон ёд мешавад.