Ба гузориши манобеи хабарӣ, дирӯз панҷшанбе роҳҳои мунтаҳӣ ба ҳарамайни мутаҳҳари имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Аббос (а) ва вурудиҳои қадимии шаҳри Карбало шоҳиди мардумони зиёде аз зоирони дохилӣ ва хориҷи кишвари Ироқ буд, ки барои зиёрат ва арзи тасалияти айёми шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) дар Карбало ҳузур ёфта буданд.
Ходимони остонҳои муқаддаси Ҳусайнӣ ва Аббосӣ низ ба ҳамин муносибат ба сурати якпорча ба азодорӣ пардохтанд.
Ин маросим аз саҳни ҳарами ҳазрати Аббос (а) оғоз шуд ва ходимон масофати байнулҳарамайнро бо ҳузн ва андӯҳ ва навҳасароӣ тай карданд то ба ҳарами имом Ҳусайн (а) мушарраф шуданд ва дар онҷо ба марсия сароӣ ва азодорӣ барои бонуи ду олам, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пардохтанд.
Остонҳои муқаддаси Ҳусайнӣ ва Аббосӣ бо ироаи хадамоти амниятӣ ва беҳдоштӣ ва таъмини ғизо ва оби ошомидании солим ва соири умури хадамоти неруҳои худро барои таъмини ниёзҳои зоирин басиҷ карда буданд.
Бахши меҳмонсарои остони Аббосӣ ба муносибати айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ҳудуди 9 ҳазор ваъдаи ғизо ба зоирини Карбало ироа кард.
Сайид Ало Абдулҳусайн, муовини идорӣ меҳмонсарои остони Аббосӣ дар ин бора гуфт: кормандони шоғил дар меҳмонсаро, хадамоти вижаоеро барои бузургдошти солрузи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ироа ва ваъдаҳои ғизоиро дар чандин макон байни зоирон тавзеъ карданд.
Вай афзуд: як маркази тавзеъ дар хориҷ аз остон, дар самти дарвозаи Бағдод ифтитоҳ шуд ва 5 ҳазор ваъдаи ноҳор ва шом байни зоирон тавзеъ шуд. Дар салонҳои меҳмонсарои дохили ҳарами ҳазрати Аббос (а) низ ҳудуди 4 ҳазор ваъдаи ғизо тавзеъ шуд ва меҳмонсаро дар ин айём, шоҳиди афзоиши теъдоди чашмгири теъдод зоирон буд.
Дар идома тасовире аз ин маросимро мушоҳида мекунед: