Ба гузориши ИКНА аз Ироқ, Дорул-Қуръонил-Карими остон Ҳусайнӣ рӯзи шанбе, аз чопи аввалин нусха аз Қуръони Карим ба хатти Усмон Тоҳо хабар дод.
Чопи ин Қуръон бо дастури шайх Абдулмаҳдии Карбалоӣ, тавлияти остони Ҳусайнӣ ва ҳамоҳангии муштараки Дорул-Қуръонил-Карим ва чопхонаи Ал-Ворис анҷом шуда ва нишондиҳандаи тааҳҳуди ин остони муқаддас ба хидмат ба китоби илоҳӣ бар асоси болотарин стандартҳои кайфӣ аст.
Шайх Хайруддин Ал-Ҳодӣ, раиси идораи Дорул-Қуръонил-Карими ин остон дар гуфтугӯ бо маркази расонаии қуръонӣ гуфт: Ин тарҳи муборак, чашмандози остони Ҳусайниро дар ироаи як нусхаи бокайфият аз Қуръони Карим таҷаллӣ мебахшад. Кумитаҳои илмӣ ва фаннӣ барои назорат бар тамоми мароҳили кор ташкил шудааст, ки аз баррасии матни Қуръон то тазъини сафаҳот бо илҳом аз ҳунари Исломиро дар бар мегирад.
Вай афзуд: ин нусха бо истифода аз коғазҳои бокайфият, ки боиси озурдагии чашм намешавад ва бо истифода аз мураккабҳои стандарт чоп шудааст, ки ин Қуръонро аз соири Қуръонҳо мутамоиз мекунад.
Дар ҳамин замина, Амал Ал-Матварӣ, масъули фаолиятҳои занон ва нозири ситоди умури бонувон дар Дорул-Қуръонил-Карими остони Ҳусайнӣ гуфт: агарчи чунин тарҳе маъмулан беш аз шаш моҳ тӯл мекашд, аммо тими ҳофизон ва қориёни мо тавонистанд ба лутфи талоши шабонарӯзӣ, дар арзи 22 рӯз чопи 500 нусхаро ба поён бирасонанд.
Шайх Хайриддин Ал-Ҳодӣ гуфт: Чопи аввал шомили 500 нусха аст, ки дар ҳамоиши қуръонии оянда ба сурати роягон дар чорчуби тамҳидоти остони муқаддаси Ҳусайнӣ барои густариши фарҳанги Қуръони Карим ва амалӣ сохтани он дар зиндагии мусулмонон тавзеъ хоҳад шуд.
Ин тарҳ дар чорчуби чашмандози остони муқаддаси Ҳусайнӣ бо ҳадафи ироаи хадамоти қуръонӣ бадеъ ва таъсиргузор, ки нишондиҳандаи тааҳҳуди мустамарри он ба хидмати ба Ислом ва мусулмонон аст, анҷом мешавад.
Бо ин дастовард, Дорул-Қуръонил-Карими остони Ҳусайнӣ, пешгомии худро дар хидмат ба китоби Худо нишон медиҳад ва даричаи ҷадидеро барои халлоқият дар тарҳҳоии қуръонӣ бо ҳадафи нашри паёми Ислом ва тарвиҷи арзишҳои волои он мекушояд.