IQNA

Раҳбари олии инқилоби Эрон дар дидори ҳазорон нафар аз мардум:

Иттифоқоти Сурия маҳсули як нақшаи муштараки амрикоӣ - саҳюнистӣ аст

19:29 - December 12, 2024
рақами хабар: 2558
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбарии инқилоби исломии Эрон бо баёни иттифоқоти мухталифи ҳаводиси Сурия, гуфт: ҳузури Эрон дар ин кишвар, раванди ояндаи таҳаввулоти минтақа ва баёни дарсҳо ва ибратҳои қазоёи Сурия аст ва таъкид кард: Ин ҳаводис маҳсули як нақшаи амрикоӣ – саҳюнистӣ аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбарии инқилоби исломии Эрон дар дидори ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардуми Эрон гуфтанд: Қазоёи Сурия маҳсули утоқи фармони муштараки Амрико ва режими саҳюнистӣ аст ва густараи муқовимат бо ёфтани истеҳкому ангезаи бештар дар муқобили фишорҳо ва ҷиноятҳо, ҳамаи минтақаро фаро хоҳад гирифт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Эрон бо ишора ба нақши ошкори як давлати ҳамсояи Сурия дар ҳаводиси ин кишвар гуфтанд: Бо вуҷӯди ин, қароини мутааддиде вуҷӯд дорад, ки нишон медиҳад, тавтеъагар, нақшакаш ва утоқи фармони аслӣ, Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Ишон рафтори саҳюнистҳо ва амрикоиҳо бо рухдодҳои ахири Сурияро яке аз ин қароин хонданд ва афзуданд: Агар инҳо нақшакаши ҳаводиси Сурия набудаанд, чаро бар хилофи дигар кишварҳо сокит нанишастанд ва бо бомбаборони садҳо маркази зерсохтӣ, фурудгоҳ, марокизи таҳқиқотӣ, марокизи тарбияти донишманду нуқоти дигари Сурия, амалан дар ҳаводиси ҷорӣ дахолат карданд?

Раҳбари инқилоб, аҳдофи муҳоҷимонеро, ки аз шимолу ҷануб дунболи тасарруфи сарзаминҳои Сурия ҳастанд, мутафовит хонданд ва тасреҳ карданд: Дар ин миён Амрико дунболи муҳкам кардани ҷои пои худ аст, аммо замон нишон хоҳад дод, ки ҳеҷ як  ба аҳдофи худ намерасанд ва бидуни шак манотиқи тасарруф шудаи Сурия ба дасти ҷавонони ғаюри сурӣ озод хоҳад шуд.

Ишон дар тарсими раванди таҳаввулоти ондаи минтақа бо таъкид бар инки Амрико ба тавфиқи илоҳӣ ба дасти ҷабҳаи муқовимат аз минтақа ихроҷ хоҳад шуд, гуфтанд: Авомили истикбор хаёл мекунанд ҷабҳаи муқовимат баъд аз суқӯти давлати Сурия, ки тарафдори муқовимат буд, заъиф шудааст, аммо сахт дар иштибоҳанд; чаро ки усӯлан дарки дурусте аз муқовимату ҷабҳаи муқовимат надоранд.

Имом Хоманаӣ, муқовиматро на як сахтафзори қобили шикастан ва фурӯи рехтан, балки як имон, тафаккур, мактаби эътиқодӣ ва тасмими қалбӣ хонданд ва афзуданд: Ба ҳамин иллат, муқовимат бо фишорҳо қавитар мешаваду ангезаи афроду аносири он бо дидани хабосатҳо, шадидтар ва доманаи он густардатар хоҳад шуд.

Раҳбари олии Эрон, қавитар шудани Ҳизбуллоҳ, Ҳамос, Ҷиҳоди исломӣ ва дигар неруҳои фаластиниро зери бори фишорҳои 14 моҳи ахир, нишонаи ин воқеият баршумурданд ва тасреҳ карданд: Фишори мусибатҳо ва аз даст додани Сайидҳасан Насруллоҳ бисёр сангин буд, аммо қудрату мушти Ҳизбуллоҳ муҳкамтар шуду душман ҳам бо мушоҳидаи ин воқеият, бадунболи оташбас омад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки фарогир шудани густараи муқовимат дар ҳамаи минтақа, натиҷаи қатъии фишорҳо ва ҷиноёти душманон хоҳад буд, афзуданд: Он таҳлилгари нодон ва бехабар, ки ин ҳаводисро боиси заъиф шудани Эрон медонад, бифаҳмад, ки Эрон қавӣ ва муқтадир аст ва муқтадиртар низ хоҳад шуд.

Раҳбари олии Эрон, бо ишора ба ҳузури Эрон дар Сурия дар солҳои қабл, гуфтанд: Нуктае, ки ағлаб ба хусӯс ҷавонон аз он беиттилоанд ин аст, ки қабл аз кумаки мо ба давлати Сурия, яъне дар мақтаи ҳассоси дифои муқаддас ва дар шароите, ки ҳама ба нафъи Саддом ва алайҳи мо кор мекарданд, давлати Сурия бо кумаки ҳаётӣ ба Эрон ва дар ҳаракате бузург ва таъйинкунанда, хати лӯлаи интиқоли нафт аз Ироқ ба Баҳри Миёназаминро масдӯд ва Саддомро аз даромад он маҳрӯм кард.

Имом Хоманаӣ муқобила бо фитнаи ДИИШ ва ҷилавгирӣ аз сирояти ноамнӣ ба Эронро иллати муҳимми азми Ҷумҳурии исломӣ барои муқобила бо ДИИШ баршумурданд ва тасреҳ карданд: Бар ин асос буд, ки неруҳои мо ва сардори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамкорони ӯ ба Ироқу Сурия рафтанд ва бо созмондиҳӣ ва мусаллаҳ кардани ҷавонони он кишварҳо, дар муқобили ДИИШ истоданду камари онро шикастанд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба ҳадафи ДИИШ барои тахриби аътобу амокини муқаддаса дар Карбало, Наҷаф, Козимайн ва Димишқ мушобеҳи иқдоми онҳо дар инҳидоми гунбади ҳарами мутаҳҳари Сомиро, гуфтанд: Дар муқобили душмании онҳо бо эътоби муқаддаса, маълум буд, ки ҷавонони муъмин, ғаюру муҳиби аҳли байт иҷозаи таарруз намедиҳанд ва бетафовут намемонанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, навъи ҳузури низомии Ҷумҳурии исломӣ дар Сурия ва Ироқро ҳузури «мусташорӣ», яъне ташкили қароргоҳҳои марказӣ, таъйини роҳбурдҳо ва тактикҳо, ҳузур дар майдони ҷанг дар мавоқеъи зарурӣ ва аз ҳама муҳимтар басиҷи ҷавонони он манотиқ хонданд ва афзуданд: Ҳузури мо дар Сурия ва Ироқ ба маънии эъзоми лашкарҳое аз артишу сипоҳ барои ҷангидан ба ҷои артиши онҳо набуд; чаро ки ин кор на мантиқӣ аст ва на афкори умумии онро қабул мекунад.

Ишон таъкид карданд: Албатта лозимаи ҳузур дар ҳар нуқтае, ҳамроҳӣ ва мувофиқати давлат онҷо аст, ҳамонтавр, ки дар Ироқу Сурия ба дархости давлатҳои онҳо ҳозир шудем ва агар дархосте накунанд роҳ бастааст ва имкони кумак нахоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусӯси ҳаводиси Сурия ва ҷабҳаи муқовимат гуфтанд: Ҳама бидонанд қазоё ингуна боқӣ нахоҳад монад ва қатъан ҷавонони ғаюри сурӣ ба по хоҳанд хост ва бо истодагӣ ва ҳатто додани талафот, ба ин вазъ фоиқ хоҳанд омад.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар поёни суханониашон, миллати Эронро омода ба кор хонданд ва таъкид карданд: Ба тавфиқи илоҳӣ, решаи саҳюнизм ва авомили хабиси ғарбӣ дар ин минтақа канда хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4253554

 

captcha