IQNA

Ҷиноятҳои даҳшатноки саҳюнистҳо дар шимоли Ғазза

15:43 - December 13, 2024
рақами хабар: 2564
ИКНА - Манобеи давлатии Ғазза, бо эъломи ин ки аз 64 рӯз қабл токунун дар ҷараёни ҳамалоти ваҳшиёнаи режими ишғолгари Исроил алайҳи шимоли Ғазза, 4 ҳазор нафар дар ин минтақа қатли ом шудаанд, таъкид карданд ки ҳатто имкони наҷоти пайкарҳои шаҳидон дар хиёбонҳо нест ва сагҳо ин пайкарҳоро пароканда мекунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар ҳоле ки беш аз ду моҳ аз таҷовузоти ваҳшиёна ва муҳосираи золимонаи режими саҳюнистӣ алайҳи шимоли навори Ғазза мегузарад, доктор Мунири Ал-бураш мудири кулли Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза бо ишора ба ҷиноёти ваҳшиёнаи режими ишғолгар дар ин минтақа эълом кард, ки Ғазза чеҳраи зишту ҷинояткори душмани саҳюнистиро барои ҳамаи ҷаҳониён фош кард.

Сагҳо дар шимоли Ғазза пайкарҳои шуҳадоро кароканда мекунанд

Доктор Мунир бо баёни ин ки дар шимоли навори Ғазза, пайкарҳои бисёре аз шуҳадо ҳамчунон зери овор ва ё дар хиёбонҳо мондааст, гуфт: пайкарҳо дар хиёбонҳо мондаанду сагҳо дар ҳоли хӯрдани онҳо ҳастанд ва мо наметавонем ҳатто пайкарҳои шуҳадоро наҷот диҳем.

Вай афзуд: Он чи ки дар шимоли Ғазза иттифоқ меафтад, беш аз ду моҳи гузашта токунун мунҷар ба шаҳодат ва бедарак шудани беш аз 4000 нафар шудааст. Неруҳои ишғолгар ба мошинҳои ёрии таъҷилие, ки барои наҷоти маҷрӯҳон талош мекунанд тирандозӣ ва ҳамла мекунанд.

Мудири кулли Вазорати беҳдошти Ғазза изҳор дошт: Режими ишғолгар монеи расидани дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Ғазза мешавад.

Қатли оми 4000 нафар тай 2 моҳ

Маҳмуд Басал, сухангӯи Идораи дифои мадании навори Ғазза дар ин замина изҳор дошт: 64 рӯз аст, ки ҷанги наслкушии режими ишғолгар алайҳи шимоли навори Ғазза идома дорад. Саҳюнистҳо беш аз 90 дарсади хонаҳои шимоли Ғаззаро ба таври комил вайрон кардаанд.

Вай афзуд: Мо тамосҳои пуртакроре аз шаҳрвандонамон дар шимоли Ғазза дарёфт мекунем, ки дархости кумак доранд; аммо режими ишғолгар иҷозати расидани тимҳои дифои маданӣ ва соири гуруҳҳои имдодӣ ба шимоли Ғаззаро намедиҳад.

Ин масъули давлатӣ дар Ғаззаи таъкид кард: Мо ҳамчунин токунун натавонистаем ба манотиқи ҷанубӣ дар навори Ғазза ҳам бирасем. Омори воқеии шуҳадои Ғазза бисёр бештар аз чизе аст, ки ба шакли расмӣ эълом мешавад; зеро аз сарнавишти теъдоди зиёде аз бедаракшудагон ҳеҷ хабаре надорем.

Доктор Ҳисом Абусафия, раиси бемористони Камоли Адвон дар Байти Лоҳиё воқеъ дар шимоли навори Ғаззаи ҳам бо ишора ба вазъияти вахими ин бемористон дар сояи ҳамалоти омидона ва мукаррари режими саҳюнистӣ гуфт: Мо тамосҳое аз афроди зери овор ва афроди муҳосира шуда дар наздикии бемористон дарёфт кардем, аммо дар сояи ҳамалоти мукаррари душмани исроилӣ наметавонем аз бемористон берун биёем.

Вай афзуд: Режими ишғолгар ба шакли шабона бемористони Камол Адвонро бомбаборон мекунад ва мо таҷҳизот ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ барои наҷоти афрод надорем. Рӯзона шаҳрвандон шурӯъ ба ҷустуҷӯ барои наҷоти афроде, ки зери овор монда буданд карданд, аммо мутаваҷҷеҳ шудем, ки ҳамаи онҳо дар бомбаборон, қатли ом шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки як расонаи исроилӣ ҳам ҷузъиёте аз ҷиноёти ваҳшиёнаи артиши саҳюнистӣ дар шимоли Ғаззаро фош кардааст. Вебсайти маҷаллаи исроилии +972 дар ин замина гузориш дод: Хиёбонҳои Байти Лоҳиё дар шимоли навори Ғазза ба теппае аз овор ва ҷасадҳо табдил шуда ва касоне ҳам, ки тавонистаанд токунун зинда бимонанд, дар хатари марг бар асари гуруснагӣ ва ҳамчунин ҳамалоти мудовими Исроил қарор доранд.

Ин расонаи исроилӣ гузориш дод: Артиши Исроил баъд аз ҷудо кардани шаҳрҳои шимоли Ғазза аз соири манотиқи ин борика, монеи вуруди ҳаргуна маводи ғизоӣ ва кумакҳои пизишкӣ ба шимоли Ғазза шудааст ва мардум дар инҷо маҷбуранд аз обҳои олуда истифода кунанд. Дар шимоли Ғазза дар ҳар ҷо ки қадам мегузоред пайкарҳои қурбониёнро рӯи замин мебинед, ки бархе аз онҳо нима таҷзия шудаанд ва бархе дигар зери таҷҳизоти артиши Исроил кӯфта мешаванд.

Бо гузашти беш аз 2 моҳ аз ҳамалоти ваҳшиёна ва муҳосираи золимонаи режими саҳюнистӣ алайҳи шимоли навори Ғазза, ҳамчунон теъдоди зиёде аз сокинони ин минтақа дар шароит ғайри инсоние мондаанд ва аз тариқи бомбаборон, адами дастрасӣ ба муроқибатҳои пизишкӣ, гуруснагӣ ва ташнагӣ маҳкум ба марг ҳастанд; ҷое ки бемористонҳо ҳам муҳосира шуда ва таҳти бомбаборон қарор доранд ва режими ишғолгар иҷозаи вуруди ҳеҷ кумакеро намедиҳад.

https://tajikpress.com/2024/12/12/

captcha