Барои ҳамин метавонем рӯзи Ошуроро рӯзи пирӯзии Ҳусайн ибни Алӣ(а) бихонем чаро ки бо илм ба инки по ба қатлгоҳ мегузорад вориди майдон шуд; Ин маънои сибот қадамӣ аст.
Шайх Зайнулобдин бин Абдурраҳмон Ҷаъфарӣ, хатиб ва мубаллиғи машҳури Арабистони муқими Миср ба баёни ангезаи Имом Ҳусайн(а) дар қиёми алайҳи ҳукумати золими вақт пардохта ва мегӯяд: касе, ки пойи ҳақ биистад, пирӯзи майдон аст ҳатто агар дигарон маънои пирӯзии ӯро дарк накунанд. Барои ҳамин метавонем рӯзи Ошуроро рӯзи пирӯзии Ҳусайн ибни Алӣ(а) бихонем чаро ки бо илм ба инки по ба қатлгоҳ мегузорад ва ба шаҳодат мерасад вориди майдон шуд ва ин яъне саботи қадам.
Видео ва савти бисёре аз суханрониҳои Шайх Абдурраҳмон Ҷаъфарӣ, дар шабакаҳои маҷозӣ мунташир шуда ва мавҷуд аст. Шайх Абдурраҳмон Ҷаъфарӣ, дар бисёре аз суханони худ дар бораи хатар ва инҳирофи оини ваҳҳобият сухан гуфтааст. Шайх Абдурраҳмон Ҷаъфарӣ, аз ҷумла суханронон ва баргузор кунандагони маҷолиси ҷашни мелоди Паёмбари Ислом(с) аст ва ҳамвора бар ҷавоз ва машрӯъияти ин амал ва рафторҳои дигар, ҳамонанди тавассул ба Паёмбари Ислом(с) ва дигар солеҳон таъкид дорад.
Касе, ки нафсаш бар ӯ ғалаба ва пойдориаш мутазалзил шавад шикаст хӯрдааст, аммо касе, ки бо кумаки Худованди Мутаол бар нафси худ ғалаба карда ва пойи ҳақ биистад, пирӯзи майдон аст ҳатто агар мардум маънои пирӯзи ӯро дарк накунанд.
Имом Ҳусайн(а) вақте барои Ҳаҷ ба Макка рафт ва беш аз 17 ҳазор нома дар байъат ва паймон бастани бо ӯ барои хилофат, фиристоданд. Ӯ бо худ андешид, ки бар ӯ воҷиб ва бар ӯҳдаи ӯст, ки ба мардум посух диҳад. Ӯ барои ризояти Худо хурӯҷ кард дар ҳоле, ки ба думболи қудрат набуд ва агар аз бархе муддаиёни аҳли тасаннун чизҳои мешнавем, ки ҳақиқатан аҳли суннат аз онҳо мубарро аст ва наметавонем бар забон биёварем, ки дар бораи иллати хурӯҷи Имом Ҳусайн иштибоҳ мекунанд бояд ба онҳо гуфт: ту дар бораи Ҳусайн(а) сӯҳбат мекунӣ, ки чаро хурӯҷ кард ё накард? Ту дар бораи Ҳусайн сӯҳбат мекунӣ, ки Паёмбар(с) дар бораи ӯ фармуд "Ҳусайн пораи тани ман аст ва ман аз Ҳусайн. Ҳаркас, ки Ҳусайн(а)-ро дӯст бидорад, Худо ӯро дӯст дорад ва Ҳасан ва Ҳусайн сарвари ҷавонони биҳишт ҳастанд" чунонки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст.
Оё ин аҳодис мехоҳад ба ин ишора кунад, ки Ҳусайн ба думболи қудрат буд? Ба Худо паноҳ мебарам аз ин сухан. Касе, ки ин суханро мегӯяд қатъан аз аҳли суннат нест. Аҳли суннат аҳли муҳаббат ба Расули Аллоҳ ва Аҳли байт ва асҳоби Паёмбар ҳастанд. Аҳли маърифат нисбат ба фазоили аҳли фазл ҳастанд.
https://iqna.ir/00HRGz