IQNA

Баргузории нишасти минтақаии ҷоизаи ҷаҳонии имом Хумайнӣ (рҳ) дар Маскав

19:41 - December 14, 2024
рақами хабар: 2575
ИКНА - Нишасти минтақаии ҷоизаи ҷаҳонии имом Хумайнӣ (рҳ) бо мавзӯи «Табйин ва тарвиҷи гуфтумони пешрафт ва тамаддуни навини исломӣ» 28 декабр бо суханронии пажӯҳишгарони аз Эрон, Русия, Сербистон, Булғория ва Босния ва Ҳерсеговина дар институти шарқшиносии академияи улуми Русия баргузор мешавад.

Ба гузориши равобити умумӣ ва иттилоърасонии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Масъуди Аҳмадванд, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия бо эъломи ин хабар, гуфт: ин нишаст ба ҳиммати ин намояндагӣ ва бо ҳамкории ройзаниҳои фарҳангии кишварамон дар Босния ва Ҳерсеговина, Булғория ва Сербистон, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия, дабирхонаи ҷоизаи ҷаҳонии имом Хумайнӣ (рҳ) ва институти шарқшиносии академияи улуми Русия баргузор хоҳад шуд.

Вай изҳор кард: ҷамъе аз мутафаккирон, шарқшиносон ва эроншиносони соҳиби асар бо мавзӯъоти марбут ба оро ва андешаҳои бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар бораи мавзӯъи аслии ин нишаст «табйин ва тарвиҷи гуфтумони пешрафт ва тамаддуни навини исломӣ» ба гуфтугӯ ва табодулиназар мепардозанд.

Аҳмадванд афзуд: дар нишасти минтақаӣ ҷоизаи ҷаҳонии имом Хумайнӣ (рҳ) дар Маскав Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия; устод Муртазо Ҷаводӣ Омулӣ, раиси бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро; Муҳаммадбоқири Хуррамшод, устоди донишгоҳи аллома Таботабоӣ (рҳ) ва Маҳмуди Воизӣ, раиси донишкадаи Илоҳиоти донишгоҳи Теҳрон суханронӣ мекунанд.

Ройзани фарҳангии Эрон дар Русия идома дод: Алиакбар Алиакбаров, раиси институти шарқшиносии академияи улуми Русия, Дамир Муҳйиддинов муовини аввали Шӯрои муфтиёни Русия ва раиси донишгоҳи исломии Маскав, Тавфиқ Иброҳим, раиси анҷумани Исломшиносони Русия, Нур Карабоев раиси маркази мутолиоти фалсафа ва фарҳанги шарқ дар донишгоҳи Дӯстии милал, кашиш Илё Кошитсин дабири ҳамкориҳои байналадиёни калисои ортодокс, Гӯрон Орсич пажӯҳишгар ва мутарҷими осори исломӣ аз Сербистон, Амина Шоҳинович нависанда ва устоди донишгоҳ аз Босния ва Ҳерсеговина ва Станислав Бачев таҳлилгар ва нависанда аз Булғория аз дигар суханронони ин нишаст ҳастанд.

Ройзани фарҳангии Эрон дар Русия гуфт: ҷоизаи ҷаҳонии имом Хумайнӣ (рҳ) барҷастатарин ҷоизаи Инқилоби Исломии Эрон дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ аст, ки дар ду бахши назарӣ ва амалӣ бо меҳварияти осори шохис ва фохири илмӣ ва низ иқдомот ва фаолиятҳои таъсиргузор ва густурдаи фикрӣ ва сиёсӣ, иҷтимоӣ ба муассиртарин ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ эҳдо хоҳад шуд. 

Вай ёдовар шуд: раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Шӯрои сиёсатгузорӣ, вазири Фарҳанг ва иршоди исломӣ, ноибраис ва раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ; Дабири Шӯрои сиёсатгузории ҷоизаи ҷаҳонии имом Хумайнӣ (рҳ)-ро баруҳда доранд.

https://iqna.ir/fa/news/4254100

captcha