IQNA

Озармон Содиқӣ, беҳтарин бонуи қории соли 1403

Баракати ҳузури кӯдакон дар канори модарони қуръонӣ

21:20 - December 15, 2024
рақами хабар: 2577
ИКНА - Нахустин ҷои риштаи қироати таҳқиқ дар даври 47-уми мусобиқоти соросарии Қуръон бо ишора ба он ки дар тӯли ин солҳо бо фарзандонаш ду мақоми авал ва дуввумро ба даст овардаст, гуфт: "Фарзандонам ангезае буданд то дар саҳнаи омӯхтани Қуръон ва мусобиқоти ҳузури ҷиддӣ дошта бошам."

Озармон Содиқӣ, ки дар риштаи қироати таҳқиқ дар даври 47-ум мусобиқоти саросарии Қуръон мақоми аввалро ба даст овардааст, дар гуфтугӯ бо ИКНА, бо ишора ба он ки аз шашсолагӣ қироати Қуръонро оғоз кардааст, гуфт: "Ҳамеша дар хонаи мо садои тиловати Қуръон баланд буд. Волидайни ман тиловат доштанд. Модарам аз қироати мо дастгирӣ мекард ва падар барои мо ҷоиза мехарид. Хоҳарам ҳам ҳофизи кулли Қуръон аст ва алҳамдулиллоҳ, хонаводаи қуръонӣ дорем."

Ин қории Қуръон, ки ба ҳамроҳи писари хурдсолаш дар мусобиқот ширкат карда буд, мақоми аввалро ба модараш, ки бисёр интизори ин натиҷа буд, тақдим кард ва гуфт: "Дасти ӯро мебӯсам, ки пас аз фавти падар барои мо ҳам модар ва ҳам падар буд."

Содиқӣ дар ҷавоб ба ин савол, ки ҳузури ҳамроҳи фарзанди хурд дар ин дараҷаи мусобиқот чӣ мушкилоте барои ӯ ба бор овард? гуфт: "Ҳеҷ мушкиле барои ман надошт. Яке аз баракатҳое, ки боиси омаданам ба мусобиқоти Қуръон шуд, фарзандонам ҳастанд. Вақте ки ман машқ мекунам, фарзандонам бо ман ҳамовозӣ мекунанд. Писари ҳафтсолаам ба хубӣ аз усули устод Мустафа Исмоил, қории маъруфи мисрӣ, тақлид мекунад ва ҳатто беҳтар аз ман қироат мекунад. Писари хурдакамам низ истеъдоди қироат дорад. Ҳар чиро ки дорем, ҳама аз давлати Қуръон аст. Ҳамсарам ҳам ҳофизи кулли Қуръон аст."

Содиқӣ ба таъсири Қуръон дар ҳаёти хонаводагии худ ишора кард ва гуфт: "Ман ва ҳамсарам дар ҳамаи фароз ва фурудҳои ҳаёт бо ёди Худо таваккул мекунем ва ин рамзи муваффақияти мост. Тамоми ташвиши мо тарбияти фарзандони қуръонӣ аст. Мо дар хона тақлиди қироат, таҳлили тиловатҳои устодон, ҳифзи оятҳо ва ...ро машқ мекунем. Хонаводагӣ ҳар рӯз тиловати Қуръон дорем; ҳамаи оятҳо ва ҳар як калима ва ҳарфи Қуръон оромишбахш аст. Ҳатто Қуръоне, ки дар мизи хонаи мо аст, оромиши хосро ба мо интиқол медиҳад."

https://iqna.ir/fa/news/4253861

captcha