Инсонҳо бар асоси манофеи муштарак ва ниёзҳои мутақобил, гирди ҳам ҷамъ мешаванд ва ҷомеаро ташкил медиҳад. Аммо барои инки зиндагии солиме дар ин иҷтимоъ дошта бошанд, ниёзманди равобити баробар ва одилона ҳастанд. Адолат аз ҷумла усули асосие аст, ки қивом ва пойдории ҷомеа вобаста ба он аст. Ба ин оя таваҷҷуҳ кунед:
وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا قَالَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي قَالَ لَا يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ; “(Ба хотир биоваред) ҳангоме, ки Худованд Иброҳимро бо васоили гуногуне озмуд, ва ӯ ба хубӣ аз ӯҳдаи озмоиш баромад, Худованд ба ӯ фармуд: ман туро имом ва раҳбари мардум қарор додам, Иброҳим гуфт: аз насли ман (низ имомоне қарор бидеҳ) Худованд фармуд: паймони ман ба ситамкорон намерасад (ва танҳо он даста аз фарзандони ту, ки пок ва маъсум бошанд, шоистаи ин мақоманд)” (Бақара, 124).
Ҳадди ақал ду фароз аз ин оят қобили таваҷҷуҳ аст: бахши аввал, ки ишора ба “имомати” Иброҳим дорад ва бахши дувум, ки таъкиди Худованд бар ҳамроҳии ҳамешагии “имомат” ва “адолат” (дӯрӣ аз зулм) аст. Қаблан гуфта шуд, ки мақоми “имомат” дар ин оят ба чӣ маъност ва нисбати он бо мақоми “набувват” чист. Ҳол савол ин аст, ки вижагии асосии имом чист?
Дар фарози дувуми ин оят танҳо як вижагӣ барои имом баён шудааст, ки албатта вижагиҳои имом маҳдуд ба ҳамин як маврид нест, аммо метавон гуфт, ки муҳиммтарин ва калидитарин вижагӣ дар ҳамин вожа баён шудааст.
Ҳазрати Иброҳим алайҳиссалом танҳо Паёмбаре аст, ки мушрикон ва яҳудиён ва масеҳиён, ҳама худро пайрави роҳи ӯ медонанд. Дар ин оят зимни таҷлил аз Иброҳим алайҳиссалом, ба таври ғайри мустақим ба ҳама мефаҳмонад, ки агар ба ростӣ ӯро қабул доред, даст аз ширк бардошта ва ҳамонанди ӯ таслими маҳзи авомири илоҳӣ бошед.
Ин оят яке аз оёте аст, ки пуштивонаи фикрӣ ва эътиқодии шиаён қарор гирифтааст, ки имом бояд маъсум бошад ва касе, ки лақаби золим бар ӯ сидқ кунад, ба мақоми имомат нахоҳад расид.
Нависандаи тафсири Намуна нуктаи ҷолибе дар бораи ин оят мегӯяд: ин оят, мақоми имоматро бо иборати “عَهْدِي” гуфтааст, ки дар канори ояти 40 сураи Бақара, ҷанбае аз суннатҳои илоҳиро намоён мекунад. أَوْفُوا بِعَهْدِي أُوفِ بِعَهْدِكُمْ; “Ба паймонам вафо кунед то ба паймонатон вафо кунам”. Яъне агар шумо ба имоме, ки ман таъйин кардам вафодор будед ва итоат кардед ман низ ба нусрат ва ёрие, ки қавл додаам вафо хоҳам кард. Ин суннати илоҳӣ таъкид бар аҳамияти наҳваи иртиботи мардуми ҷомеа бо имом ва раҳбари ҷомеа аст.
Паёмҳои бахши дувуми оят дар тафсири Нур:
1- Маншаи имомат варосат нест, лаёқат аст, ки бо пирӯзӣ дар имтиҳоноти илоҳӣ собит мешавад. فَأَتَمَّهُنَّ
2- Имомат, аҳди илоҳӣ миёни Худо ва мардум аст. عَهْدِي
3- Аз муҳиммтарин шароити раҳбарӣ, адолат аст. Ҳаркас собиқаи ширк ва зулм дошта бошад, лоиқи имомат нест. لا يَنالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ