Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ар-Рисола Нет, Муҳаммад абу Араб, Муфтии шаҳри Ҷинин бо баёни ин ки як ҳафта аст, ки ҳодисаҳои мудҳиш дар Ҷинин ва урдугоҳи он дар ҳоли рух додан аст ва субҳи якшанбе шиддат ёфтааст, таъкид кард: Рехтани хун ба дасти мусулмон аз мусулмони дигар ҳаром аст ва размандагон ва муборизони муқовимат аҳли фитна нестанд.
Субҳи дирӯз якшанбе, Язид Ҷаоиса, ҷавони фаластинӣ ва яке аз фармондаҳони гуруҳи Ҷинин, бар асари тасодуф дар натиҷаи тирпарронӣ аз ҷониби ниҳодҳои амниятии Фаластин ба шаҳодат расид.
Вай як ҳафта пеш аз тарафи нерӯҳои артиши Исроил таҳти назорат қарор дошт.
Абу АРаб дар баёнияи расмии худ гуфт, ки ҳодисаҳои нохуш дар Ҷанин талабкунандаи дахолати фаврии мақомот барои ҷилавгирӣ аз низоъ ва иштирок дар даргирӣ мебошад. Вай таъкид кард, ки рехтани хун ба дасти мусулмон аз мусулмони дигар ҳаром аст ва мо набояд бар якдигар силоҳ кашем.
Вай афзуд: "Ман аз гуфтани он ки размандагон ва муборизони муқовимат аҳли фитна ҳастанд худдорӣ мекунам ва онҳое ки мехоҳанд дар кишвар ҳарҷу марҷ ба вуҷуд оранд шиносоӣ мешаванд, ҳамон тавре ки силоҳҳои пок шиносоӣ мешаванд." Вай ҳамчунин талаб кард, ки бо онҳое ки мехоҳанд ҳарҷу марҷ ба вуҷуд оранд, ба таври қонунӣ муомила шавад.
Муфтии Ҷанин бори дигар талаб намуд, ки роҳи ҳалли низомӣ фурӯ гузошта шавад ва аз хунҳои мардум ва сокинони шаҳри Ҷанин ва урдугоҳ муҳофизат карда шавад, ки аз вазъи сахт ранҷ мекашанд ва дар поён гуфт: "Ҷанин ба дардҳои бештар ниёз надорад."
Дар пайи шаҳодати Ҷаоиса, Анвар Рҷаб, сухангӯи ниҳодҳои амниятии Фаластин бо эълон кардани он ки имрӯз марҳалаи охирин амалиёти "Ҳифзи Ватан" оғоз шуд, гуфт, ки ин амалиёт бо ҳадафи бозгардонии урдугоҳи Ҷанин аз назорати қонуншиканон анҷом мешавад.
Ин амалиёт бо маҳкумияти васеи гуруҳҳои муқовимат рӯбарӯ шуд ва онҳо дар баёнияҳои алоҳида он чиро ки дар Ҷанин рӯй додааст "рафтори нангин" донистанд, ки дар лаҳзаи ҳассос ба ихтилофоти дохилӣ доман мезанад ва бо ҳамлаҳо ва ҳадафҳои ишғолгарон ҳамоҳангӣ мекунад.
Онҳо дар баёнияҳои худ хостори ваҳдат ва нишастан дар мизи гуфтугӯи миллӣ шуданд.