Ба гузориши ТоҷикПресс, ҳаракати Ҳамос имрӯз, панҷшанбе, дар ҷавоб ба бомбаборони марказҳои ғайринизомии Яман аз ҷониби режими саҳюнистӣ бо нашри баёнияе эълон кард, ки ин ҷиноят як шиддат додани хатарнок дар идомаи густариши тахрибкорӣ алайҳи мардуми Фаластин, Сурия ва минтақаи араб аст.
Ҳамос дар идома таъкид кард, ки душмани ҷиноятпеша бо чунин ҷиноятҳо “рӯҳияи мардуми мо ва минтақаро суст нахоҳад кард ва азми Яманро нахоҳад шикаст ва онҳоро аз мавқеи аслии худ дар идомаи ҳимоят аз мардуми Фаластин ва пирӯзии мазлумияти онҳо то қатъи тахрибкориҳои режими саҳюнистӣ боз нахоҳад доштанд”.
Расонаҳои Яман субҳи имрӯз эълон карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии субҳи имрӯзаи режими саҳюнистӣ ба манотиқ ва иншооти Санъо ва Ал-Ҳудайда, 9 нафар шаҳид ва 3 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Саҳюнистҳо дар ин ҳамла чанд нерӯгоҳи барқ ва банди Ал-Ҳудайда ва минтақаҳоеро дар Санаъро ҳадаф қарор доданд. Ин ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Яман бо ҳадафи қатъ кардани амалиёти низомии яманиҳо дар ҳимоят аз Ғазза сурат мегиранд, ки зиёда аз чорсад рӯз аст дар миёни сукути аксари кишварҳои араб ва ҷаҳон дар маърази наслкушии саҳюнистҳо қарор доранд.
Ҳаракати Ҳамос дар идомаи баёнияи имрӯзаи худ, шаҳодати шумораи зиёди ғайринизомиёни яманиро дар ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ таслият гуфт ва бо Яман ва ҳаракати Ансоруллоҳ дар мубориза бо тахрибкориҳои саҳюнистӣ-амрикоӣ-англисӣ эълони ҳамбастагӣ кард.
Ин ҳаракат дар идома аз Иттиҳодияи араб ва Созмони ҳамкории исломӣ хост, ки тахрибкории ваҳшиёнаи Исроил ба Яманро маҳкум карда ва тадбирҳо ва қарорҳоеро қабул кунанд, ки режими ишғолгар ба қатъи тахрибкориҳо ва наслкушӣ дар Ғазза ва тамоми минтақа маҷбур шавад.
https://tajikpress.com/2024/12/19