IQNA

Ваъдаи қуръонситези муқими Шветсия барои такрори беҳурматӣ ба Қуръон дар баробари сафорати Эрон

23:39 - July 25, 2023
рақами хабар: 263
Дар пайи силсила иқдомоти беҳурматии Қуръон дар Шветсия ва Дания, Силван Момика, чеҳраи ҷанҷол барангези ироқӣ аз полиси Шветсия хоста муҷаввизи таҷаммӯъ дар баробари сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Стокголм, барои ба оташ кашидан нусхҳое аз Қуръон дар рӯзи шанбеии ояндаро содир кунад.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз маркази иттилоърасонии Шветсия, Силван Момика, чеҳраи ҷанҷол барангези ироқӣ бори дигар аз қасди палиди худ барои ба оташ кашидани нусхае аз Қуръони Карим дар Стокголм, аммо ин бор дар баробари сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар додааст.

Полиси Стокголм дархости ҷадиде мабни бар муҷаввизи баргузории таҷаммӯъи ҷанҷолӣ дарёфт кард. Ин дархост аз ҷониби Силван Момика сурат гирифта, ки пештар низ дар баробари масҷиди марказии Стокголм ва дар баробари сафорати Ироқ ба амали зишти қуръонсӯзӣ иқдом кардааст.

Бо вуҷуди пайгириҳои дипломатик аз сӯи кишварҳои исломӣ ва маҳкумиятҳои густурда дар Шветсия ва хориҷ аз он, "Силван Момика" ироқитабори муқими Шветсия фоҷеаи қуръонсӯзиро думбол мекунад.

Ин иқдомот хашми байналмилалиро барангехтааст ва буҳрони дипломатики бузургеро дар равобит миёни Шветсия ва кишварҳои ислом эҷод кардааст. Кишварҳое монанди Арабистони Саудӣ, Қатр ва Эрон сафирони Шветсияро барои эътироз эҳзор кардаанд. Сафорати Шветсия дар Ироқ низ мавриди ҳуҷуми мӯътаризон қарор гирифт ва Эрон низ аз вуруди сафири ҷадиди Шветсия ба хоки худ ҷилавгирӣ кард.

Ба гуфтаи расонаҳои шветсияӣ, сафорати Эрон дар Шветсия, хоҳони тавзеҳи давлати Шветсия дар ин замина шуда, аммо токунун хабаре аз тавзеҳи тарафи шветсияӣ мунташир нашудааст.

Аммо далели ин беҳурматӣ чист?

Иттилооти ба даст омада аз саҳюнистҳо, ки дар ихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифта ҳокӣ аст, ки "Силван Момика" бо ноумедӣ аз дарёфти иқомат аз кишварҳои аврупоӣ, талоши густурдае барои тамос бо режими ишғолгари Қудсро оғоз карда ва барои исботи короии худ барои дастгоҳи ҷосусии саҳюнизм, ба ҳар тариқе дар пайи эҷоди таниш ва ташаннуҷ дар кишварҳои исломӣ ва меҳвари муқовимат ва дар раъси он Эрон ва Ироқ аст. Чароки пеш аз ин низ ҷосусӣ аз мақарҳо ва раҳбарони гурӯҳҳои муқовимати Ироқ ба вижа дар устони Найнаво аз ҷумла маъмуриятҳои муҳаввала ба Силван Момика будааст.

Момика, ки пас аз хадамоти фаровонаш ба дастгоҳи ҷосусии саҳюнистҳо, дархости интиқол ба як кишвари аврупоиро ироа ва дар қиболи он ба ҳар маъмурияте тан медиҳад, дар пайи иқомат ва сипас тобеияти подшоҳи Шветсия, яъне ҳаёти хилвати сервиси ҷосусии Исроил (Моссад) аст.

Мусулмонон ҳушёр бошанд 
Акнун, ки режими саҳюнистӣ дучори буҳронҳои бисёр ва дар ҳоли фурӯпошӣ аст; Беш аз пеш ба қуръонсӯзӣ ва иқдомоти инчунинӣ даст хоҳад зад; Бедории ҷаҳони Ислом бояд нуқтаи муштараки ҳамаи мусулмонон бошад; Ҳамаи мусулмонон ба вижа созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалии исломӣ, уламо, андешамандон ва қишри фарҳехтаи ҳавзаҳо ва донишгоҳҳои ҷаҳони Ислом ин падидаро маҳкум мекунанд ва яди воҳида дар муқобили режими саҳюнистӣ ҳастанд; Ҳушёрӣ ва ваҳдат, нахустин вазифаи мусулмонони ҷаҳон аст чароки Ислом ҳамвора ба гуфтугӯ, таомул ва ҳамзистии мусолиматомез даъват мекунад.

Дар муқобил, подшоҳии Шветсия низ бояд бидонад судури муҷаввиз ба баҳонаи дифоъ аз озодии баён ва ақоид, ба манзалаи ин аст, ки амалан худро дар баробари эътиқодоти муқаддас ва эҳсосоти поки беш аз ду миллиард мусулмони ҷаҳон қарор додааст.

Қатъан хашми муқаддаси даҳҳо миллион мусулмони мӯътақид аз ақсо нуқоти ҷаҳон, дар канори иқдомоти танбеҳии кишварҳои исломӣ алайҳи давлати Стокголм, аз қатъи равобити сиёсӣ гирифта то таҳримҳои иқтисодӣ, осоре ба маротиб зиёнбортар аз ҳифзи жести дифоъ аз озодии баён ва андеша барои Шветсия хоҳад дошт.

 

captcha