Ба гузориши ИКНА; ба нақл аз вебсайти шабакаи ҷаҳонии Кафил, ин ҳамоиш дирӯз, 26 декабр, бо шиори «Ҳазрати Заҳро (а.с); гирдоварандаи нури нубувват ва имомат» ва бо ҳузури бонувони пажӯҳишгар аз кишварҳои Эрон, Ироқ, Сурия, Лубнон ва Баҳрайн оғоз шуд ва то рӯзи шанбе (28 декабр) идома хоҳад ёфт.
Дар ин ҳамоиш мақолот ва пажӯҳишҳои илмӣ аз сӯи шахсиятҳои донишгоҳӣ ва ҳавзавӣ дар бораи андешаҳо, фаъолиятҳо ва корҳои писандидаи ҳазрати Заҳро (а.с) пешниҳод мешаванд.
Маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш бо тиловати оятҳое аз каломи шарифи Қуръон бо овози «Нарҷис Қаландар» аз бонувони қории Ироқ ва қироати сураи Фотиҳа барои шаҳидони Ироқ, инчунин иҷрои суруди миллии Ироқ оғоз шуд. Дар идома, Бушро Ал-Канноӣ, масъули шуъбаи мактабҳои «Ал-Кафил» вижаи бонувон, ки вобаста ба остони муқаддаси Аббосӣ аст, суханронӣ кард.
«Хонише бар ривоятҳои таърихӣ ва эътиқодӣ дар бораи ҳазрати Заҳро (а.с)» ва «Нақши ҳазрати Заҳро (а.с) ҳамчун намуна дар пешбурди ҳувият ва рушди худидоракунии бонувони баҳрайнӣ» аз ҷумлаи мақолотест, ки қарор аст дар ҷаласаҳои илмии ин ҳамоиш пешниҳод шаванд.