IQNA

Арҷгузории ҳазор ҳофизи Қуръон дар Бағдод бо ҳузури нахуствазир

22:17 - December 29, 2024
рақами хабар: 2648
ИКНА - Маросими арҷгузорӣ аз ҳазор ҳофизи Қуръон, занон ва мардони ироқӣ, ба талоши Идораи авқофи аҳли суннати Ироқ дар Бағдод, пойтахти ин кишвар, баргузор шуд.

Арҷгузории ҳазор ҳофизи Қуръон дар Бағдод бо ҳузури нахуствазирБа гузориши ИКНА, ин маросим рӯзи гузашта, 8-уми декабр, бо ҳузури Муҳаммад Шияъ Ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ баргузор гардид. Муҳаммад Шияъ Ас-Судонӣ дар суханони худ ба хотимаи ҳифзи Қуръон ва хатми таҳсили ҳофизон табрик гуфт.

Муҳаммад Шияъ Ас-Сӯдонӣ дар ин маросим, ки бо унвони «Ҳофизи Раббонӣ» баргузор шуд, изҳор дошт: «қориён ва ҳофизони Қуръон ҷойгоҳи хоссе дар ҳукумати Ироқ доранд. Ин кишвар барои фароҳам кардани тамоми имконот, ки ба онҳо дар роҳи Қуръон кӯмак кунад ва боиси муваффақият ва эҷодиёти онҳо дар зиндагии илмӣ ва амалӣ гардад, саъй мекунад».

Ӯ афзуд: «Ироқ дар улуми Қуръон ва маъориф ҷойгоҳи аввалро дорад ва ҳамчунон, бо вуҷуди чолишҳо, дар иҷрои нақшҳо ба манзури хидмат ба Қуръон устувор аст».

Нахуствазири Ироқ таъкид кард: «Таҷрибаи 20 соли гузашта нишонгари таъсири Қуръон дар миёни мардуми Ироқ буда, ва ироқиён бо тамассук ба Қуръон тавонистанд бо талошҳо барои тафриқаандозӣ муқобила кунанд».

Ӯ дар поён хостори ҷойгир шудани Қуръон ҳамчун манбаи ваҳдат ва иззат дар рӯёрӯӣ бо чолишҳо шуд ва бар аҳамияти тамассук ба Қуръон дар шароити кунунии минтақа таъкид кард.

https://iqna.ir/fa/news/4256767

Арҷгузории ҳазор ҳофизи Қуръон дар Бағдод бо ҳузури нахуствазир

Арҷгузории ҳазор ҳофизи Қуръон дар Бағдод бо ҳузури нахуствазир

Арҷгузории ҳазор ҳофизи Қуръон дар Бағдод бо ҳузури нахуствазир

Арҷгузории ҳазор ҳофизи Қуръон дар Бағдод бо ҳузури нахуствазирАрҷгузории ҳазор ҳофизи Қуръон дар Бағдод бо ҳузури нахуствазир

captcha