IQNA

Тазоҳуроти лондониҳо дар маҳкумияти таҷовуз ба Ғазза

22:20 - December 29, 2024
рақами хабар: 2649
ИКНА - Шаби гузашта, шаҳри Лондон шоҳиди тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи ҳамлаи режими палид ва ҷинояткори Исроил ба бемористони Камол Адвон дар Ғазза ва кормандони беҳдошт, инчунин дигар марказҳои тиббӣ дар ин минтақа буд.

Тазоҳуроти лондониҳо дар маҳкумияти таҷовуз ба ҒаззаБа гузориши вебгоҳи шабакаи Ал-Ҷазира: эътирозгарон шиорҳои зидди исроилӣ сар дода, аз давлати Англис талаб карданд, ки ҳимоят аз Исроилро қатъ намуда, фурӯши силоҳро бас кунад ва ҳимоятҳои лозимро ба мардуми Фаластин дар Ғазза ироа намояд.

Иштироккунандагони ин тазоҳурот таъкид карданд, ки таҷлили соли нав наметавонад далеле барои чашмпӯшӣ аз фоҷиаҳои доимӣ дар Ғазза бошад. Ин гирдиҳамоӣ бо ҳадафи мутамаркиз шудан бар ҷиноятҳои ҳаррӯзаи режими ишғолгар алайҳи миллат Фаластин ва инчунин таъкид бар аҳамияти хотима додан ба ҷанг ва ҳимоят аз ғайринизомиён баргузор гардид.

Нирӯҳои ишғолгари режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил бемористони Камол Адвонро тасарруф намуда, пеш аз он ки онро ба оташ бикашанд, аз хадамот ба таври комил хориҷ карданд. Илова бар ин, беш аз 350 нафар, аз ҷумла 180 корманди тиббӣ ва 75 захмӣ ва бемор бо ҳамроҳонашон, ки дар бемористон ҳузур доштанд, боздошт намуда, ба маконе номаълум интиқол доданд.

код

https://iqna.ir/fa/news/4256759

captcha