IQNA

Сураҳои қуръонӣ / 42

Машварат кардан; Аз вижагиҳои инсони мӯъмин

23:31 - July 26, 2023
рақами хабар: 269
Барои инсони мӯъмин вижагиҳои бисёре зикр шудааст, ки ҳаркадом дорои аҳамияти бисёре аст. Машварат кардан бо дигарон аз ҷумлаи ин вижагиҳост; Аммо ба назар мерасад ин вижагӣ аҳамияти хоссе дорад чаро, ки номи яке аз сураҳои Қуръон, ба ин унвон ихтисос пайдо кардааст.

Чиҳилу дувумин сураи Қуръони Карим Шӯро ном дорад. Ин сура, ки 53 оят дорад, дар ҷузъи бисту панҷум қарор гирифтааст. Шӯро, ки сураи макӣ аст, шасту дувумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Иллати номгузории ин сура ба “Шӯро”, истифода аз ин вожа ба унвони яке аз сифоти мӯъминон дар ояти 38 аст. Дар ин оят омадааст: وَالَّذِينَ اسْتَجَابُوا لِرَ‌بِّهِمْ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَمْرُ‌هُمْ شُورَ‌ى بَيْنَهُمْ وَمِمَّا رَ‌زَقْنَاهُمْ يُنفِقُونَ: “Ва касоне, ки [нидои] парвардгорашонро посухи [мусбат] дода ва намоз барпо кардаанд ва корашон дар миёнашон машварат аст ва аз ончи рӯзишон додаем инфоқ мекунанд”.

Мавзӯъи меҳварӣ ва ҳадафи аслии сураи Шӯро масъалаи ваҳй аст ва баёни оёти тавҳидӣ ва сифоти мӯъминон ва кофирон ва чигунагии маоди онон аз дигар аҳдофи сурааст.

Тавсия ба истиқомати Расули Худо(с) дар амри таблиғи дин, даъвати мардум ба сӯи Худо, ваҳдати адёни осмонӣ, наҳйи мардум аз тафриқа ва ихтилоф дар дини Худо, афви лағзишҳои дигарон ва ғалаба бар хашми худ аз дигар мавзӯъоти ин сурааст.

Дар сураи Шӯро ба мабоҳисе монанди масъалаи тавҳид, маод, тавба, тавбапазирии Худованд ва амр ба машварат ва ҳамкорӣ дар умури ҷомеа ва ҳукумат низ ишора шудааст.

Мавзӯъоти ин сураро метавон ба чаҳор бахш тақсим кард:

Бахши аввал, ки муҳиммтарин бахши ин сураро ташкил медиҳад, дар мавриди ваҳй ва иртиботи Худованд бо Паёмбарон аст. Ин мавзӯъ дар тамоми бахшҳои сураи Шӯро дида мешавад. Бо ин мавзӯъ шурӯъ шуда ва бо он тамом мешавад ва ба мавзӯъоти муртабите монанди Қуръон, набувват Паёмбари Ислом (с) ва оғози рисолат аз замони Нӯҳ (а) матраҳ шудааст.

Бахши дувум ишороте аст ба далоили тавҳид, ва нишонаҳои Худованд дар ҷаҳони офариниш.

Бахши севум низ ба масъалаи маод ва сарнавишти куффор дар қиёмат мепардозад.

Ва дар ниҳоят бахши чаҳорум ба мабоҳиси ахлоқӣ ҳамчун истиқомат ва тавба ва афв ва гузашт ва шакебоӣ ва фурӯнишондани хашм ишора карда ва ба онҳо даъват мекунад ва аз сифоти нописанди монанди лиҷоҷат ва дунё парастӣ ва ғурур наҳй мекунад.

captcha