
Калимаи “Тин” ба маънои анҷир фақат якбор дар Қуръон омада ва он ҳам дар сураи “Тин” аст, ки Худованд ба он савганд ёд кардааст: وَالتِّينِ وَالزَّيْتُونِ وَطُورِ سِينِينَ وَهَذَا الْبَلَدِ الْأَمِينِ؛ وَطُورِ سِينِينَ؛ وَهَذَا الْبَلَدِ الْأَمِينِ: “Савганд ба анҷир ва зайтун; Ва Тури Сино; Ва ин шаҳри амн” (Тин/ 1 то 3).
Дар бораи инки манзур аз “Тин” ва “Зайтун” чист, назариёти мухталифе матраҳ шудааст; Муфассирон ҳангоме, ки оёти ибтидоӣ ин сураро баррасӣ мекунанд, ба ду дидгоҳ мерасанд. Аввал инки бо таваҷҷуҳ ба оёти ибтидоӣ сураи Тин ва чаҳор қасаме, ки баён шуда, гуфтаанд бояд миёни ду савганди аввали (Тин ва Зайтун) ва ду савганди баъдии (طور سینین و بلد امین) иртиботе вуҷуд дошта бошад; Ба ҳамин далел гуфтаанд “Тин” ва “Зайтун” исми макони хоссе ҳастанд.
“Тури синин” ҷое аст, ки ҳазрати Мӯсо(а) дар бозгашт ба Миср дар онҷо бо Худованд сӯҳбат кард ва ба мақоми Паёмбарӣ расид. “Балади амин” Макка аст. Вақте Иброҳим (а) ба ҳамроҳи писараш, Исмоил(а) кори сохти Каъбаро ба поён расонданд, Иброҳим дуо кард: رَبِّ اجْعَلْ هَذَا بَلَدًا آمِنًا: “Парвардигоро! Ин [сарзамин]-ро шаҳри амн гардон” (Иброҳим/ 35).
Тибқи ин дидгоҳ, манзур аз ду калимаи “Тин” ва “Зайтун” ҳам маконҳое ҳастанд, ки дар шимоли Ҳиҷоз (сарзамине дар Арабистони кунунӣ) ва Фаластин ва Шомот қарор доранд. Ин ду минтақа маҳалли таваллуд ва рушди бисёре аз Паёмбарони Илоҳӣ будааст.
Назари дувум ин аст, ки “Тин” ва “Зайтун” дар маънои воқеӣ худашон, ба маънои навъе хӯрокӣ ҳастанд. Дар ин сурат иртиботашон бо “Тури синин” ва “Балади амин” чигуна хоҳад буд?
Муфассирон дар ин робита гуфтаанд, ду қасами аввали сураи Тин марбут ба хӯроки ҷисм ҳастанд ва ба онҳо қасам ёд шуда ва ду қасами дигар, марбут ба ҷон ва рӯҳи инсонҳо мешавад.
Дар ин сурат метавон ба ояти баъдӣ таваҷҷуҳ дошт, ки мефармояд: لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ: “[Ки] баростӣ инсонро дар некӯтарин эътидол офаридем” (Тин/ 4). Бинобар ин инсон ҳам аз назари ҷисмӣ ва ҳам аз назари рӯҳӣ дар беҳтарин шароит ва имконот ба устуворӣ, пойдорӣ ва таодул расида ва дар некӯтарин, зеботарин ва шоистатарин ҳолатҳо офарида шудааст.