
Ҳамонтавр, ки дар тӯли таърих ситамгарон ва зӯргӯён, талош карданд фиристодагони Худоро инкор кунанд то ҳукумат ва пайравони худро ҳифз кунанд. Худованд онҳоро муҷозоти сахт ва қатъӣ таҳдид кардааст.
Чиҳилу чаҳорумин сураи Қуръони Карим, “Духон” ном дорад. Ин сура бо 59 оят дар ҷузъи бисту панҷум қарор гирифтааст. Ин сура макӣ, дар тартиби нузул, шасту чаҳорумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ин сураро ба ин далел Духон номидаанд, ки ояти даҳум аз азоби ба номи Духон барои кофирон ва яке аз нишонаҳои қиёмат сухан гуфтааст. Манзур аз Духон, моддаи газнок шакл ва шабеҳи дуд аст, ки дар поёни ҷаҳон ва дар остонаи қиёмат, саросари осмонро мепӯшонад.
Ба навиштаи Ал-Мизон, ҳадафи аслии сураи Духон, таҳдид ба азоби дунё ва охират аст ва ин таҳдид мутаваҷҷеҳи кофироне аст, ки дар ҳаққонияти Қуръон тардид доранд. Сураи Духон ба нузули Қуръон дар шаби Қадр аз сӯи Худованд барои ҳидояти инсонҳо ишора дорад.
Ин сура ибтидо ба баёни азамати Қуръон мепардозад ва бар нузули Қуръон дар шаби Қадр таъкид мекунад. Дар бахши дигаре аз тавҳид ва ягонагии Худо ва баёни баъзе аз нишонаҳои азамати Ӯ дар ҷаҳони ҳастӣ сухан мегӯяд ва ба сарнавишти куффор, ва навъи азоби онҳо дар рӯзи қиёмат мепардозад.
Дар ин сура таъкид шуда куффор ба зудӣ азоби дарднок дар дунё аз ҳар су онҳоро иҳота мекунад, он гоҳ ба сӯи Парвардгори худ бармегарданд, ва Худованд баъд аз муҳосибаи дақиқи аъмол, онҳоро бо азоби ҷовидона рӯбарӯ мекунад.
Ҳамчунин ба баёни саргузашти ҳазрати Мӯсо (а) ва банӣ Исроил ва тақобули онҳо бо пайравони Фиръавн ва оқибати сахти онҳо пардохтааст. Замоне, ки ҳазрати Мӯсо (а) барои наҷоти қавми банӣ Исроил ба самти Фиръавн ҳаракат кард, Фиръавн ва тарафдоронаш ӯро такзиб карданд ва Худованд низ ононро дар дарё ғарқ кард. Ин достон барои бедор кардани ғофилоне аст, ки ҳақиқатро инкор мекунанд.
Ин сура илова бар азобҳои дунявӣ, ба масъалаи қиёмат ва азобҳои дардноки дӯзахиён низ мепардозад. Ибтидо таъкид мекунад, ки қиёмат қатъан таҳаққуқ пайдо мекунад, чӣ бихоҳанд ва чӣ нахоҳанд. Ва дар охир баъзе аз ахбори қиёматро ва ончи бар сари муҷримон меояд ва ончи аз анвои азоб ба онҳо мерасад, баршумурда, ва низ бахше аз савобҳоеро, ки ба мӯъминон ва парҳезкорон мерасад, баён мекунад.
Мавзӯъ, ҳадафи офариниш ва беҳуда набудани хилқати осмон ва замин аз мавзӯъоти дигаре аст, ки дар оёти ин сура матраҳ шудааст. Саранҷом, сураро бо баёни азамати Қуръон ҳамонгуна, ки оғоз шуда буд, поён медиҳад.